“Через”. Тамоюле, ки ба обрӯйи миллати тоҷик латма мезанад

Афсӯс, ки «через» ба обрӯи миллати тоҷик латма мезанад. Ва ин то ҷое нигаронкунанда мебошад. Баъзе манфиатдорон сафсата хонда, беморхонаҳои давлатиро интиқод менамуданд, ки оқибат боиси зуд-зуд рафтани табибон ба хориҷ шуду марказҳои тиббии шахсӣ пайдо шуданд. Ва бо ҳар роҳ бозори ин марказҳои тиббии шахсӣ шуҳрат пайдо намуд.

Инак, банда чаҳор соат мешавад, ки дар дари як беморхонаи шахсӣ дар навбат истодааму ҳеҷ намешавад, ки табиби муҳтарамро бинем. Аз рӯи коғаз 4 нафар сабти ном кардаанду 3 нафари дигар мисли мо бори аввал имрӯз нав омадаанд. Аммо ин чаҳор нафар надаромада, анқариб 20 нафар даромад, бо роҳи ҳамон «через». Одамони бо банда буда ҳама аз навоҳии дур ва ҳамин «через»-ро намефаҳманду лом нагуфта, истодаанд…

Акнун ин марказҳои тиббии хусусӣ ягон табиби нав аз хориҷ наовардаанд, ба ҷуз бемористони Ибни Сино, ки ман дар он ҷо нестам, балки ҳамин табибони дар дармонгоҳҳои давлатӣ кор мекарда бо навбат омада ин ҷо кор мекунанд.

Пас чаро ин табибон ҳамин таҷрибаву донишашонро дар беморхонаҳои давлатӣ ба кор намебаранд?

Магар ҳамин худ хиёнат нест?

Бигзарем, банда зидди тоҷирон ва соҳибкорон нестам, бигзор сафашон афзун шавад, лек масъалаи тандурустӣ бояд пурра давлатӣ бошад.

Ҳамин ду-се зансуратони коррупсионер, ки ба табибон «через» мекунанд, бояд барои садсолаҳо ба зиндон нишинанд.

Табибоне, ки дар муассисаҳои тиббии давлатӣ кор карда, боз дар баробари он бо марказҳои тиббии шахсӣ ҳамкорӣ менамоянд, бигзор барои ҳамешагӣ аз фаъолияти тиббӣ дар марказҳои давлатӣ маҳрум карда шаванд.

Суол пайдо мешавад, ки чаро дар беморхонаи давлатӣ пушти утоқи ин табибон мардум навбат намеистанду дар марказҳои хусусӣ пушти дарашон одамҳо қатор?

Ҳамон табиб, ҳамон тавсия ва ҳамон табобат…

Вале боз ҳам маркетинг кори худашро кардааст…

Ман мефаҳмам, ки барои инро навиштан касе раҳмат намегӯяд ва шояд қисме нороҳат шаванд, вале қарзи виҷдонии хешро иҷро намудам.  

Муҳаммад САИДОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *