Черногория муҳоҷиронро интизор аст
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба Черногория сафарбар мешаванд. Музди миёнаи меҳнати муҳоҷирон дар ин кишвар 1000 евро мебошад.
Тавре Хуҷаназар Акбаров, директори марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суҳбат гуфт, сафарбарсозии муҳоҷирон ба Черногория моҳи январи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Шахсоне, ки ба Черногория ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, барои номнавис кардан бояд ба марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷойгир шудааст, муроҷиат намоянд.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Черногория дар соҳаи сохтмон ва роҳ кор хоҳанд кард. Музди меҳнат вобаста ба навъи кор ва дараҷаи касбияти муҳоҷир аз 1000 евро болотар аст. Муҳоҷирон бо ҷойи зист, хӯроки гарм, либоси корӣ ва корти нақлиётӣ таъмин карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ