Маҳфили рӯйнамоии китоби «Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?»

Рӯзи 13 декабри соли 2019 дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯйнамои китоби журналист ва нависандаи  маъруфи тоҷик Султони Ҳамад «Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?» бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум баргузор шуд. Нахуст муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбодов ҳамоишро ифтитоҳ карда, дар бораи фаъолияти эҷодии Султони Ҳамад  маълумот дод ва иброз дошт, ки китоби нави ӯ таҳти унвони «Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?» паҳлуҳои гуногуни раванди муҳоҷиратро  арзёбӣ мекунад ва дорои арзиши баланд аст.

 Сарсухани ин китобро худи устод Султон Ҳамад навишта, аз ҷумла қайд кардаанд: «Дар як маљмўа гирд овардани маводу маќолањои  дар солњои гуногун дар мавзўи муњољирати корӣ навиштаамро дар фикрам ва дар наќша надоштам, вале шарњи як дўстам дар зери як маќолаам дар яке аз шабакањои иљтимої маро водор кард, ки сари ин масъала андеша кунам ва даст ба ин кор бизанам. Он дўстам, мулоимтар карда бигўем, маро сарзаниш мекард, ки бештар ба мавзӯъњое даст мезанам, ки ба дарди љомеа намехўранд. Барои мисол, гуфтааст вай, «мавзўи муњољирати мењнатї мавзўи доѓи рўзаст, вале ў боре њам нахондаву надидааст, ки банда дар ин бора чизе навишта бошам». Росташро бигўям, чун муаллифи шарњ шахси бароям ношиносу номаълум буд ва дар навиштааш оњанги ѓараз бараъло мушоњида мешуд, он ваќт аз посух гуфтан ба навиштааш худдорї кардам. Нахостам мисли он нафаре бошам, ки медонад зарф шикоф аст, вале боз кўшиши аз об пур кардани онро мекунад. Ба њар њол баъдан тасмим гирифтам, ки барои худам як санљида бинам, ки оё ман дар ин мавзуъ навиштае дорам ё не? Зиёд љустуљў накардам. Бойгонии навиштањоямро аз соли 2003 ба ин тараф дидам. На камтар аз бист маќолаву мусоњиба ва вокунишњоямро ба ин ва ё он воќеањои муњимми њаёти муњољирони мењнатї пайдо кардам. Мутаассифона, на дар њамаи навиштањоям, банда зикр кардаам, ки маводро кай барои кадом расона навиштам ва он кай ба чоп расидааст. Агар бисёр љустуљў мекардам, албатта, соли нашру љойи нашри онњоро низ пайдо мекардам, вале ин ваќти бисёрро мегирифт. Бинобар ин, бо овардани њамин даҳ маводе, ки моњу сол ва љойи нашрашон аниќ аст, иктифо кардам. Ин мавод дар солњои гуногун ва дар њафтаномањои мухталиф, аз ќабили «Неруи сухан», «Зиндагї», «Чархи гардун», «Фараж», «Миллат» ва «Рўзгор» ба нашр расидаанд. Онњо пањлуњои гуногун ва муњими њаёти муњољирони иќтисодї ва то чї андоза таъсиргузор будани муњољирати мењнатї ба рўзгори ањли хонаводаи онњоро инъикос менамоянд. Дар ин мавод, ки асосан аз маќолањои тањлиливу очерку мусоњибањо иборатанд, дар баробари баёни мушкилоти муњољирони корї, инчунин, кўшиши нишон додани роњњои њалли ин мушкилот ба харљ дода шудааст».

Оре, ҳамин тавр аст. Устод Султон Ҳамад кори мондагореро анҷом додааст, вале сад афсӯс, ки китоби нави худро дида натавонист, аммо фарзандонашон Субҳиддин, Ҷаҳонгир ва Аҳмадшоҳ ин китобро ба нашр расониданд  ва  мо дар маҳфили рӯйнамоии он иштирок дорем.             

Сипас доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов, Мирзо Насриддин, Абдуллоҳи Раҳнамо, Қиёмиддин Сатторӣ, Бобоҷони Шафеъ Баҳманёр Акбар ва дигарон хотироти худро дар бораи шодравон Султон Ҳамад нақл карда, таъкид намуданд, ки мавсуф дар ҷодаи матбуот ва журналистикаи  тоҷик хизматҳои шоёнеро анҷом доданд.       

Дар маҳфил рӯзноманигори маъруф Бобоҷони Шафеъ зимни суханронии худ зикр намуд, ки устод Султон Ҳамад дар бораи ду муҳоҷират навиштаанд, ки мутаассифона, навиштаҳо дар бораи муҳоҷирати аввал дар ин китоб роҳ наёфтаанд. Ва сабабаш низ он аст, ки китоби мазкур чун охирин таълифи муаллиф дониста мешавад ва он замони дар қайди ҳаёт будани рӯзноманигори варзида омода шуда будааст, вале беморӣ дигар ин имконро надодааст, ки чопашро бинанд. Ва бо гузашти чанд моҳ аз марги нобаҳангом пайвандон тасмим гирифтаанд ин китобро ба чоп расонанд ва тавре чоп кардаанд, ки муаллиф мехоста. Аммо навиштаҳои устод Султони Ҳамад дар бораи муҳоҷирати аввал низ хеле пуртаъсиранд ва аз рӯйи имкон салоҳ мебуд, то онҳо низ дар китобе ҷамъоварӣ ва нашр шаванд. Онҳо таърихи фоҷиабори миллатанд, намешавад миллат бахше аз таърихи худро ба боди фаромӯшӣ супорад. Дар ҳоле, ки он навиштаҳо барои муаррихону пажӯҳишгарон низ метавонанд маводи хуб диҳанд.

Аввали муҳоҷирномаи устод Ҳамад чорпораҳои ҳузнбарангезе мебошанд, ки зери номи «Лаби дарёи Ому» эҷод шудаанд. Ҳар рубоиву дубайтии ин силсила бидуни шак фарогири як саҳфаи таъриханд. Зина ба зина ин чорпораҳо ҳаёти эҳтимолан бештар аз думоҳаи лаби дарёи Ому будани фирориён аз дасти силоҳбадастонро тасвир мекунанд. Ва баъдан ҳам ҳаёти муҳоҷирон дар Афғонистон дар лавлаҳаву гузоришҳои зиёде ба қалам омадаанд, ки бахше аз онҳоро мо дар сомонаи «Рӯзгор» мебинем ва бахше шояд нашр нашудаанд.

Аммо он чи ҳоло ба дасти чоп расидааст, ин ҳаёти муҳоҷирон дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ мебошад, ки боз ҳам як мавзӯи доманадор ва фарогир аст. Матолиби ин китоб дар солҳои гуногун дар шакли мақолаву очерку мусоҳибаву гузориш навишта шудаанд ва тавре муаллиф дар сарсухан овардаанд, як эроди хонанда дар шабакаи иҷтимоӣ таҳрике барои гирдоварии мақолоти ин маҷмӯа шудааст.

Доманаи пажӯҳишҳои устод Султони Ҳамад густардаанд ва омӯзишу чопи ҳар пажӯҳиши ишон вақту замон мехоҳад. Ҳоло ки фарзандонашон тасмим гирифтаанд он ҳамаро якояк рӯйи чоп меоранд, хеле иқдоми сутуданист, зеро дар миёни навиштаҳои устод Султон Ҳамад матолибе низ ҳастанд, ки ҳатто боре ҳам чоп нашудаанд ва ё чоп шудаву ба сурати китоб гирдоварӣ нашудаанд. Ба мисли ҳамин китоби «Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?». Вазифаи оянда аст, ки аз нашрияҳо он мақолоти парешон гирдоварӣ ва дар шакли китоб интишор ёбанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки шодравон Султон Ҳамад на танҳо журналисти варзида, балки нависандаи соҳибқалам ва муҳаққиқи дақиқназар ба шумор меравад. То ба ҳол китобҳои Султон Ҳамад: –»Аз Ардашер то Шери Панҷшер» (Душанбе, «Ирфон», 2002), «Аҳмад Зоҳир – «Султони Қалбҳо» (Душанбе, «Деваштич», 2005), «Дар суҳбати соҳибдилон» (Душанбе, «Деваштич», 2007), «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» (Душанбе, «Деваштич», 2007), «Низоъ, терроризм ва рисолати рӯзноманигорон» (Душанбе, «Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ», 2007), «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт» (Душанбе, «Шуҷоиён», 2009), «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (Душанбе, «Бухоро», 20012), «Султони қалбҳо» (Душанбе, Бухоро», 2012), «Бурхи Валӣ – Дӯсти Худо» (Душанбе, «Истеъдод», 2013, «Маҳуби дилҳо» (Алмаато, «Полиграфкомбинат», 2013), «Чӣ ҳол дорӣ муҳоҷир?» (Душанбе, «Пилтан», 2019) ба нашр расидаанд.

Дар охири маҳфили рӯйнамоӣ фарзанди устод Султон Ҳамад Субҳиддин Султон ба сухан баромада, ба иштирокчиёни ҳамоиш аз номи аҳли хонаводаашон  изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то осори боқимондаи қиблагоҳашонро ба нашр расонанд ва дастраси аҳли илму адаб намоянд.                       

Қиёмиддин Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *