Чиллаи калон баромад, барфи калон дар пеш аст
Оне, ки фаслҳои солро идора мекунад, гӯё имсол тақвими худро гум кардааст.
Аз руи ҳисобҳои қадима аллакай чиллаи калон баромад, вале ҳаво нав ба хотир овард,ки зимистон аст.
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд, зеро ҳаво сарду барфӣ шуда ва роҳҳо ях мебанданд.Дар огаҳии Маркази ҳавошиносӣ, ки дар вебсайташ нашр кардаанд, омадааст, ки бар изофаи яхбандӣ дар роҳҳо, барф мумкин аст, “ба кори ширкатҳои мухобиротӣ, энергетикӣ ва идораҳои коммуналӣ таъсири манфӣ расонад.”Ба гуфтаи ҳавошиносон, рӯзи 1-уми феврал барф меборад, ғубор мефарояд ва ҳаво шабона дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 8 дараҷа сард мешавад. Рӯзи 3-уми феврал дар Душанбе барф зиёд меборад ва мумкин аст, ҳаво то 10 дараҷа сард шавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ