Чиллазода савганд ёд мекунад

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳоди президент дар бораи таъини Қарахон Чиллазода ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

То таъин шудан ба мансаби нав Қарахон Чиллазода ба ҳайси роҳбари Раёсати молияи вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. То моҳи декабри соли 2016 ӯ ба сифати раиси шаҳри Сарбанд фаъолият дошт. Раиси пешини Палатаи ҳисоб Фаррух Ҳамрализода моҳи январи соли равон бо фармони Президент роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *