Чин аз Русия гузашт. Чаро сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд?

Сол аз сол таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар мешавад. Махсусан, Чин, ки қариб 10 сол инҷониб ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар раддаи аввал меистад. Ҳарчанд, қаблан Русия дар мавқеи аввал қарор дошт.

Сегонаи сармоягузорони бузург

Сегонаи давлатҳои калонтарини сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон  Қазоқистон, Чин ва Русия мебошанд. Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш вобаста ба муаррифии дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Қазоқистон беш аз 220 млн доллар, Чин беш аз 130 ва Русия қариб 100 млн доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд. Ин маблағест, ки дар як соли гузашта кишварҳои номбурда ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд. Дар маҷмуъ, соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 2,7 млрд долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 114 млн доллар зиёд мебошад.

Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон

Қазоқистон бо ин рақам танҳо соли гузашта ҳиссаи намоёни худро  дар рушди иқтисоди Тоҷикистон гузошт ва кӯшиш дорад, ки бо Чин баробар шавад. Аммо Чин дар Тоҷикистон бо бунёди корхонаҳои муштарак, роҳҳои транзитӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои корӣ мавқеи намоён дорад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки маҳз имтиёзҳои андозӣ ва фазои мусоид барои сармоягузорон имкон фароҳам овардааст, ки нишондиҳандаҳо назаррас шаванд. Ба андешаи коршиносон низ нисбат ба чанд соли пеш монеаҳои маъмурӣ камтар, инфрасохтори сармоягузорӣ ва системаи мукаммали имтиёзҳои андозӣ ба миён омаданд. Вале ин кифоя нест. Тоҷикистон талош дорад, ки дар доираи амалишавии барномаҳои рушди саноат барои сармоягузорон сабукиҳоро бештар намояд. 

Чин пешсаф

Аммо набояд фаромӯш кард, ки аз соли 2010 инҷониб Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Чун ҳамеша ин кишвар пешсафи сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Чин дар Тоҷикистон роҳ месозад, дар бунёди лоиҳаҳои муштарак, иншооти бузурги саноатӣ иштирок мекунад. Сармоягузории чинӣ ба бахшҳои алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, истихроҷи маъдан ва насби таҷҳизоти технологӣ низ равона шудааст.

Баҳром Шарипов, коршиноси масоили иқтисодӣ

Ба андешаи коршиноси масоили иқтисодӣ Баҳром Шарипов, дар рушди соҳаи саноати кишвар маблағгузории Чин зиёдтар аст.

“Ҷиҳати мусбат дар он аст, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил ва ашёи хом дар дохил коркард мешавад. Бо назардошти барномаҳои нав, аз ҷумла 5-солаи рушди саноат вазифа гузошта шудааст, ки коркарди ашёи хом то лаҳзаи ниҳоӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардад.

Сармоягузории Чин нисбат ба саромягузории кишварҳои Ғарб андак фарқ мекунад. Яъне, Чин бовариаш зиёдтар аст. Ғарб бошад, дар инҷо хавфҳои Афғонистонро ба назар мегирад. Бинобар ин, камтар сармоягузорӣ мекунад. Бо назардошти ин ояндаи наздик дар шаҳри Тошканд форуми байналмилалии сармоягузорон доир мешавад, ки иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Миёна қариб то 10 миллиард евро маблағгузорӣ карданӣ ҳастанд. Ин ҳам далолат аз он медиҳад, ки фазои сармоягузорӣ рӯ ба беҳбудӣ аст”,- гуфт Баҳром Шарипов.

Номбурда яке аз сабабҳои дигари зиёд сармоягузорӣ кардани Чинро ба иқтисоди Тоҷикистон аз муносибати хуби роҳбарони ду давлат медонад. Барои мисол, 8-уми июли соли 2012 дар ҷараёни сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин, Чин ваъда дода буд, ки ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро то ба як миллиард мерасонад. Аз ҳамон замон инҷониб миёни ду кишвар сармоягузориҳо пайваста афзоиш меёбанд.

Ҳарчанд дар давраи пандемияи коронавирус коҳиши сармояи Чин ба назар расид, аммо дар соли 2021 алакай раванди барқароршавии воридоти сармоягузориро мушоҳида карда метавонем. Яке аз вижагиҳои ҷолиби сармоягузорони чинӣ дар он аст, ки онҳо сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро авлотар медонанд. Яъне, ширкатҳои худро таъсис медиҳанд ва ё саҳмияҳои корхонаҳои алакай дар ҳудуди кишвар мавҷудбударо мехаранд.

Шакли дигари сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон қарзи имтиёздор аст.

Русия дар Тоҷикистон чӣ нақш дорад?

Русия солҳои тӯлонӣ аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон буд. Ин кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Асосан сармоягузории Русия ба соҳаҳои сохтмон, алоқа, тандурустӣ, саноати сохтмон ва энергетика равона шудааст.

Русия дар Тоҷикистон тарҳҳои мухталиф, умдатан дар бахшҳои энергетика ва маорифро амалӣ мекунад. Масалан, неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тарҳи дигаре, ки Русия дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, бунёду ба истифода додани мактабҳо бо забони русӣ дар панҷ шаҳри ҷумҳурӣ — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мебошад. Дар ин мактабҳо омӯзгорони рус дарс медиҳанд ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.

Русия то соли 2014 дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф буд, аммо аз соли 2015 Чин ба ин кишвар баробар шуд ва баъдан босуръат пеш гузашт.

Ба андешаи таҳлилгарон, Чин дар оянда низ сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва эҳтимол аст, ки мавқеашро аз даст диҳад.

Ӯзбекистон вориди майдон шуд

Ҳоло дар баробари кишварҳои дигар боз Ӯзбекистон вориди майдони сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шудааст. Бо беҳтар шудани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2016 ин тараф, ин кишвар метавонад саҳмгузори асосӣ бошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соҳибкорони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон давоми 16 сол (солҳои 2007-2023) ба иқтисоди кишвар 74,1 млн доллар сармоя ворид кардаанд. Вале Тоҷикистону Ӯзбекистон талош доранд, ки ҳаҷми молу колоро дар оянда ба 2 миллиард доллар расонанд.

Вохӯрӣ бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе

Зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов гуфта шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст. Ҷонибҳо ба ин боваранд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн доллар расида бошад ҳам, имкону захираҳо барои зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст.  Ин нукта дар сафари навбатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низ махсус таъкид гардид.

Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик Ӯзбекистон ҳам ба яке аз пешсафони сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон табдил меёбад. Зеро аз нигоҳи транзит, иқтидору рушди босуръати саноат Ӯзбекистон бо Тоҷикистон наздиктар аст.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *