Чин аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?

Ван И дурнамои кишварашро бо Осиёи Миёна баён кард

Чин дар ҳошияи ҷаласаи умумии вакилони мардумияш дидгоҳашро ба дурнамои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баён дошт.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин аз тақдири ягонаи ин кишвар бо Осиёи Марказӣ гуфту афзуд, ки кишвараш ният дорад ҳамкорӣ бо ҷамоҳири Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда таҳким бахшад.

Ӯ дар ҳошияи ҷаласаи 5-уми умумичинии намояндагони мардумӣ изҳор доштааст, ки Осиёи Марказии рушдёбанда ва босубот ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Хабаргузории «Синхуа» аз қавли Ван И овардааст, ки имсол Чин бо Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 30-юмин солгарди муносиботи дипломатиро таҷлил мекунад.

Вазир таъкид кардааст, ки Чин чун пештара ба меъёрҳои дӯстӣ, эҳтироми тарафайн, дастгирӣ ва фоидаи ҳар ду ҷониб аз муносибот такя мекунад.

«Чин ният дорад якҷо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ мубориза бо COVID-19, таҳкими истеҳсолот, энержӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди «сабз»-ро таҳким бахшаду саҳифаи наверо дар арафаи 30-солаи оянда кушояд»,- таъкид кард Ван И. Вай афзудааст, ки танҳо аз тариқи талоши тарафайн шарикии стратегӣ мустаҳкам мешавад.

Ван И изҳор доштааст, ки тавассути ҳамкориҳои фарогир ҷомеа бо тақдири ягонаи Чин — Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ҳамдигарро бо солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ шодбош гуфта, аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷинпин дар паёмаш махсусан аз солҳои охири муносибот тавсиф кардааст, ки «мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *