Чин ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо роҳбари Чин Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксинаи ройгон ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин  муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони натиҷаи пандемия баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин миннатдории Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *