Чин барои пешгирии вирус аз Русия дору мехарад
Чин доруи зидди вирусиро, ки аз ҷониби олимони донишгоҳи федералии Урал таҳия шудааст, мехарад ва онро барои табобати коронавирус санҷиданист. Дар ин бора сомонаи “Ремблер” хабар медиҳад.
Тавре манбаъ хабар медиҳад: «Чин барои санҷидани самаранокии он дар мубориза бо коронавирус доруи зидди вирусии “Триазавирин-и Русияро мехарад”.
Қаблан низ дорӯсозони донишгоҳи Урал пешниҳод карда буданд, ки Чинро зарур аст то барои хурӯҷ накардани коронавируси 2019-nCoV “триазавирин”-ро истифода баранд. Гуфта мешавад, ки ин дорӯ барои табобати вируси “RNA”, ки коронавирусҳам шабеҳи он аст истифода мешуд. Аммо, ҳукуматдорони Чин ба хотири дар таркиби “Триазавирин” мавҷуд будани маводи мухаддир дар аввал аз истифодаи он худдори намуда будан. Бояд гуфти, ки таи рӯзҳои охир шумораи фавтитагон аз вируси “Шохдор” дар Чин марзи 400 нафарро убур кард. Ба ҳамин хотир вазорати тандурустии Чин маҷбур шуд ба хотири пешгирии бештари вирус “Триазавирин”-и руссиро истифода барад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ