Чин бо шумораи бештари медалҳо ғолиб шуд

Дар Бозиҳои 13-уми зимистонаи паралимпӣ, ки аз 4-ум то 13-уми март дар Пекин баргузор шуд, Чин 61 медал (18 тилло, 20 нуқра ва 23 биринҷӣ) ба даст овард ва кишвари мизбон ҳам дар ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам шумори бештари медали тилло пирўз шуд.

Дастаи мунтахаби Украина бо 11 тило, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ, ки дар умум 29 медал аст, дар ҷадвал ҷойи дуюмро гирифт. Канада бо 25 медал (8 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) сеюм шуд.

Фаронса бо 7 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 6 тилло, 11 нуқра ва 3 биринҷӣ, Австрия бо 5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ, Олмон бо 4 тилло, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ, Норвегия бо 4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ, Ҷопон бо 4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Словакия бо 3 тилло ва 3 биринҷӣ дастаҳои мунтахабе ҳастанд, ки дар даҳгонаи аввал қарор гирифтанд.

Дар нуҳ рўзи Бозиҳои паралимпӣ варзишгарони 19 кишвар соҳибони медал шуданд ва намояндагони 15 кишвар медали тилло ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки ба ин Бозиҳо сафарбар шуда буд, як рўз пеш аз оғози Бозиҳо аз ҳаққи ширкат дар Паралимпида маҳрум карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *