Чин бузургтарин содиркунандаи мошин дар ҷаҳон?
Дар асоси натиҷаҳои соли 2023, эҳтимол Чин аз ҳисоби афзоиши фурӯш ба бозорҳои хориҷӣ ва ҳамчунин рушди саноати мошинҳои барқӣ ба бузургтарин содиркунандаи худравҳо дар ҷаҳон табдил ёбад.
Чин аз моҳи январ то ноябри соли 2023-юм 4,41 миллион худрав ба бозорҳои ҷаҳон содир кардааст.
Ҷопон бо истеҳсоли 4,3 миллион адад худрави барқӣ дар соли 2023 дар мақоми дуюм қарор дорад. Яке аз омилҳои асосии таҳкими ҷойгоҳи Чин дар бозори ҷаҳонии фурӯши худравҳо афзоиши содирот ба Русия дониста мешавад, зеро ширкатҳои аврупоӣ бо оғози амалиёти низомӣ дар Украина бозори ин кишварро тарк карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ