Чин дар раддаи аввал. Сармоягузоронро чӣ ба Тоҷикистон меорад?

Сол аз сол мавқеи Чин дар бозори Тоҷикистон устувор мешавад. Инро метавон дар ҳиссаи баланди сармоягузории ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида кард. Танҳо дар 1 соли гузашта беш аз 700 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки Чин дар мавқеи аввал қарор дорад.

Қодирзода: Нишондиҳандаҳо  рӯ ба афзоиш

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз 700 миллион доллар сармояи хориҷӣ 340 миллион доллар сармояи мустақим ва 370 миллион доллар дигар намуди сармояҳо ҳастанд.

Дар раддабандии ҷалби сармоя ба Тоҷикистон Чин мавқеи аввалро ишғол мекунад. Яъне, Чин 210 миллион доллар, Эрон 32 миллион, Туркия 25 миллион, Швейтсария 21 миллион, Фаронса 19 миллион, Кипр 10 миллион ва Британияи Кабир 6 миллион доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд. Тавре дида мешавад, Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст.

Саъдӣ Қодирзода мегӯяд, ки воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2020 тамоюли афзоиш дошта, дар маҷмуъ зиёдшавӣ ба маблағи беш аз 280 миллион доллар ё 1,7 маротиба, аз ҷумла сармояи мустақим 179,7 миллион доллар ва дигар намуди сармояҳо беш аз 110,6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, соли гузшта 35 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон сармоя ворид намудаанд. Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки сармояҳои мустақими воридгардида маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан — 56,9 фоиз, саноати коркард — 9,9 фоиз, сохтмон — 2,1 фоиз ва ба дигар соҳаҳо 31,1 фоиз равона карда шудаанд.

Тавре аз рақамҳои воридоти маблағи сармоя дида мешавад, Эрон ҳам мавқеи бад надорад. Баъд аз беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвар, ки чанд соли охир ба сардӣ гаравида буд, ҳоло равобити тиҷоратӣ рӯ ба беҳбудист. Инро метавон аз ворид шудани 32 миллион доллар ҳамчун сармоя ба иқтисоди кишвар баҳо дод. Солҳои қаблӣ дар аҳди Аҳмадинажод ҳиссаи сармоягузории Эрон хеле назаррас буд ва баъд аз Чин мавқеи дуюмро ишғол мекард. Лоиҳаҳои азим, аз қабили нақби «Истиқлол», НБО-и “Сангтӯда-2” ва монанди ин дар Тоҷикистон маҳз дар ҳамин давра амалӣ гардидаанд.

Завқизода: Хитой — бузургтарин сармоягузор

Соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Чин нисбат ба соли 2020-ум 78 фоиз афзудааст. Ҳиссаи савдо дар соли 2021-ум 13,2 фоизро ташкил медиҳад, ки он дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои 4-ум қарор дорад. Ин нукта 17-уми январи соли 2022 дар Форуми «Хитой-Осиёи Марказӣ», ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, садо дода буд.

Дар ин форум намояндагони масъули блоки иқтисодӣ аз Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар нишасти мазкур вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин муаррифӣ намуд.

Завқизода қайд намудааст, ки Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ бар ин боваранд, ки Чин мехоҳад бозори Осиёи Марказиро ба воситаи сармоягузории бештар ба Тоҷикистон аз худ кунад ва мавқеашро устувор нигоҳ дорад. Зеро, ҳоло ин кишвар бо иқтидори истеҳсоли маҳсулот дар ҷаҳон низ зинаи намоёнро ишғол менамояд.

Усмон РАҲИМЗОДА,

Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *