Чин донишҷӯёни қазоқро иҷозат намедиҳад, ки аз Вуҳан бароянд
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои берун овардани шаҳрвандони ин кишвар аз шаҳри Вуҳани Чин — маркази хуруҷи вируси нав — талошҳояшро идома медиҳад.
Аммо мақомоти Чин то кунун иҷозат надоданд, ки донишҷӯҳоро аз он шаҳр берун орем, хабар дод Айбек Смадиёров, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 27 январ.
«Дипломатҳои мо дар Чин берунории шаҳрвандони Қазоқистонро шуруъ карданд. Ҳарчанд дар нахустин рӯзи эъломи карантин дархост фиристода шуд, вале ҷониби Чин иҷозат надод, ки шаҳрвандонро берун орем», — гуфт Смадиёров. Ба гуфтаи вай, мақомоти Чин «шаҳри Вуҳанро бастанд ва касеро иҷозаи берун шудан намедиҳанд».
Дар Вуҳан наздики 230 донишҷӯи қазоқистонӣ таҳсил мекунад. Маълум нест, ки донишҷӯҳо кай имкони берун шудан аз шаҳрро пайдо хоҳанд кард.
Мақомоти Ҷопон ва ИМА аз берунории шаҳрвандонашон аз Вуҳан хабар доданд.
Дар Вуҳан ҳамчунин 15 шаҳрванди Қирғизистон ҳузур дорад, ки 14 тани онҳо донишҷӯ ҳастанд. Ҳамчунин даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳри чинӣ таҳсил мекунанд. Аз берунории онҳо ҳанӯз хабаре нарасидааст. Ба чанде аз донишҷӯҳои ӯзбекистонӣ муяссар шуд, ки шаҳрро тарк кунанд.
Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 81 кас ҷон бохта, ҷамъан 2,8 ҳазор нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.
Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ