Чингиз Айтматов 95 сола шуд

Рӯзи 12-уми декабр дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 95-солагии нависанда ва  дипломати қирғиз Чингиз Айтматов чорабинӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ходимони фарҳанг, илм ва санъат, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳаводорони навиштаҳои мавсуф иштирок доштанд.

Дар доираи чорабинӣ филми кӯтоҳи мустанад дар бораи нависанда Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуд.

Инчунин намоиши аксҳо ва китобҳои Чингиз Айтматов ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ташкил гардиданд, ки фарогири  эчодиёти нависандаи қирғиз буд.

 Чингиз Айтматов 12 декабри соли 1928 дар деҳаи Шекер (вилояти Таласи Қирғизистон) таваллуд шудааст. Ба забонҳои русӣ ва қирғизӣ менавишт ва аз қалами ӯ даҳҳо ҳикояву романҳо ба вуҷуд омадааст. Повести «Ҷомила»-и ӯ, ки соли 1958 нашр шуд ва дарҳол аз ҷониби Луи Араганд ба фаронсавӣ тарҷума шуд, ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард.

Асарҳои Чингиз Айтамтов дар кишварҳои гуногун, ба 176 забони дунё нашр шудаанд. Нависанда борҳо ба ҷоизаи Нобел дар адабиёт пешбарӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *