Чинор Имомов — қаҳрамони фаромӯшшуда

Қаҳрамонони аввалину роҳкушоёни нахустин ва муборизони дар сафи пешбуда, гоҳо дар кунҷи фаромӯшӣ ва беномӣ мемонанд. Пас аз онҳо дигарон идомадиҳанда, пайраву роҳбар мешаванду ном мебароранд, қаҳрамон мегарданд.

Корҳои мардони асил, ҷасур ва ҷонбахш аз чӣ бошад аз дидаҳо дур меафтанд. Дигар он ки худи чунин инсонҳо аз пайи шуҳрат нестанд, худнамоӣ ва худхоҳиро бад мебинанд, хуш надоранд. Баҳри онҳо аз дил хизмат намудан ва софу беғубор хизмати худро дар назди халқу ёру диёр ба сомон расонидан аз ҳазор номдориҳои беасос болотар меистад. Ва яке аз чунин шахсон Чинор Имомов аст. Ҳамон шахсе, ки баробари ташкил шудани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии худмухтори Тоҷикистон аввалин роҳбар, аввалин котиби масъули бюрои ташкилоти Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон таъйин мешавад.

Ӯ барои ҷудо шудани Тоҷикистон чун ҷумҳурӣ талошу заҳматҳои зиёд мекунад. Ӯ забони русиро, ки хеле хуб медонист, басо баҳсҳоро ба манфиати миллати тоҷик ҳал намудааст. Дигар он ки ӯ дӯстдори забони тоҷикӣ ва шеъру адабиёт буд. Ҳамчун пуштибон ва ҳомии ин забону ин давлат ҷонбозиҳо кардааст. Бо устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ҳамақида ва ҳаммаслак буд. Чинор Имомов дӯст медошт бо шоирон ва адибон ҳамсуҳбат шудану ба миён овардани баҳсу мунозираҳои илмиро. Дар номаи худ шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ чанд сатреро оварда, ки чаро Имомов ба номаҳояш посух намедиҳад.

Дар номаи 6-уми апрели соли 1927 ба номи устод Айнӣ навиштааш дар охир овардааст: “Ба рафиқ Имомов салом бирасонед. Аз ӯ гила намекунам, ки чаро ба ман ҷавоб наменависад, чаро ки ҳоли ӯ ҳамин аст, ба касе хат наменависад…”.

Боз номаи 22-юми августи соли 1927 навиштаи ӯ ба устод Садриддин Айнӣ бо чунин ҷумла хотима меёбад: “Махсусан хидмати муҳтарам Имомов саломи бисёр таблиғ фармуда, аз саломатиаш марқум доред”.

Ин гуфтаҳо, ин нигоштаҳо аз он дарак медиҳанд, ки Чинор Имомов шахси обрӯманд, дар сухани худ устувор ва нуфузаш дар он айём хеле баланд будааст. Ӯ сиёсатмадор буд. Ва нахустин шахсе, ки бо Шириншоҳ Шоҳтумур бисёр ҷаҳд мекунанд, ки дар Туркистон мактабҳои тоҷикӣ ташкил ёбанд, ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсию рӯзномаҳо нашр бишаванд. Номаи ӯ бо ҳаммаслаконаш сабаб мегардад, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” ба миён ояд. Ин нома соли 1923 ба унвони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркистон навишта шуда буд, ки чунин ҷумлаҳо дошт: “… Дар вақти ҳозира ба забонҳои ҳамаи халқҳои сернуфуси Туркистон рӯзномаҳо нашр мешаванд.

Фақат ба забони тоҷикӣ ягон чиз чоп намешавад. Ҳол он ки тоҷикон қисмати басе назарраси аҳолии Туркистон, бахусус вилояти Самарқандро ташкил медиҳанд…».

Бо ҳамин дархост ва нома соли 1924 нашри нахустини рӯзномаи шӯравии тоҷикии “Овози тоҷик” ба миён омад.

Дигар он ки он замон басо сангин буд дар баҳсу мунозираҳо доир ба тақсимоти ҳудуди миллӣ рӯирост ва беибо суханронӣ кардан, ба муқобили аксарият баромадан.

Вале ӯ бо Абдураҳим Ҳоҷибоев, Мӯсо Саидҷонов истодагарӣ мекарданд, гарчанде намехостанд, онҳо бошанд, дар баҳсҳо иштирок кунанд.

Гурӯҳи пурратар ва боварибахши дигар бо олимону равшанфикрони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Сайидризо Ализода, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев ва дигарон таъсис ёфт ва ҷавоби худро бо мушкилӣ пайдо карда тавонист.

Дар вақти роҳбарии Чинор Имомов моҳи марти соли 1929 дар ҷамъомади заҳматкашони шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе хеле қадима бошад ҳам, имрӯз ноободу бенизом аст ва аз деҳоти муқаррарӣ қариб фарқе надорад, бояд аз нав бунёду обод гардад.

Ин шаҳр бо рағми он шаҳрҳои таърихии аз даст рафта аз нав эҳё шуд, ки дар бештари корҳои созандагӣ ӯ бевосита иштирок мекард…

Чинор Имомов чун фарзанди фидокор, аввалин роҳбар, шахсе, ки дӯстдори халқу меҳан ва забони модарӣ аст, аз чӣ бошад, аз назарҳо дур монд.

Ба гуфти олими тавоно ва файласуфи маъруф Акбар Турсон, аввалин тоҷик роҳбари Ҷумҳурии навътаъсиси Тоҷикистон Чинор Имомов буд ва баъди хеле тоҷики дигар, ки роҳбарии кишвари моро соҳиб шуд, Бобоҷон Ғафуров аст.

«Аммо чӣ гӯям, ки номдориҳо гирифтори балоям созад»,- мегӯянд. Ин миллатдӯстӣ, талошу заҳматҳои бемисл ва дар баҳсу мунозираҳо устувору соҳибмақом буданаш ӯро аз байн бурд. Бо туҳмате душман эълон карданду соли 1938 ба қатл ҳукм бароварданд. Ва соли 1957 ин ҳукму ин туҳмат бекор гардид, пас аз марг гӯё сафед шуд.

Ӯ фарзанди фарзонаи Ватан буд ва номи некаш дар ёдҳо, дар таърих монда, гарчанде ҳоло ҳам ӯро ба тарзи бояду шояд намедонем.

Аввалинҳо дар бисёр ҳолатҳо бенишон мемонанд.

Вале чӣ гӯем, ки «таърих гувоҳ аст»…

Ш. ҲАҚНАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *