«Чину чину чину чин”-и тоҷикӣ дар иҷрои марде аз Чин (Видео)

Дар як видео дар Интернет як коргар аз Чин таронаи машҳури тоҷикии «Чину чину чину чин”-ро мехонад ва кам-кам бо тоҷикӣ сӯҳбат мекунад. Аз тақрибан 6 ҳазор хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳар сол иҷозати кор ба даст медоранд, ҳудуди 4 ҳазорашро коргарон аз Чин ташкил медиҳанд.

Дар ин видео як коргари хитоӣ бо хоҳиши бачаҳои тоҷик таронаи машҳури тоҷикии «Чину чину чину чин”-ро мехонад ва дар ҳавои таронаи хондааш рақс мекунад.

Сипас бачаҳои тоҷик аз ӯ номашро мепурсанд. Ҷавони чинӣ, ки шӯх ба назар мерасад, аввал номашро Нуралӣ мегӯяд, вале лаҳзае пас мегӯяд, ки номаш Сабзаалӣ аст.

Дар посух ба саволи баъдӣ, ки хонаатон куҷост?, ин чиноӣ боз ҳам шӯхиомез ҷавоб медиҳад, ки дар Динг-динг. Ӯ ба дунбол дар пеши камера ҳунараш дар кунг-фуро намоиш медиҳад ва дар поёни навор бори дигар як сатр аз таронаи «Чину чину чину чин”-ро хонда, бо дӯстони тоҷикаш хайрухуш мекунад ва ба роҳаш меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *