Чипта нахаред! Ҳушдори Агентӣ ба муҳоҷирони тоҷик
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.
Агентӣ мегӯяд, айни замон парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия барқарор нагардидааст.
Дар Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо хурӯҷи босуръати вируси сироятии CОVID-19 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ бемории сироятии мазкурро пандемия эълон намуд ва дар ин асос аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони давлатҳои худ парвозҳои байналмилалиро то беҳ гардидани вазъият қатъ намуданд.
«Шаҳрвадони кишвар ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашаванд. Аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда нашудааст. Амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии љониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад», — тазаккур доданд дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба «Ховар».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ