Чиптафиреб. Ё танзим кунед, ё истеъфо диҳед!
Ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода,
сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абулмаҷид Муминзода
Вазъи имрӯзаи бозори фурӯши чипта, сарсониву саргардонӣ дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ва мушоҳидаҳои чанд рӯзи охир маҷбурам карданд, на мақола, гузориш, балки номае ба унвонии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ду роҳбари сохтори масъул нависам. Яке Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Икром Субҳонзода ва дигаре Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Абдулмаҷид Муминзод бар зимма доранд, аз бетаваҷҷуҳиашон имрӯз садҳо муҳоҷири тоҷик саргардон аст. Инҳо роҳбарони сохторе дар назди Ҳукуматанд ва масъулияти бештарро ба зимма доранд. Аммо ба назар чунин менамояд, ки гап доранду амал не! Вагарна нархи чипта то ин ҳадди беинсофӣ, 8-10 000 сомонӣ намерасид. Ҳол он ки Икром Субҳонзода чанде пеш дар назди издиҳом, дар фурудгоҳ ваъда дода буд, ки намегузорад нархи чипта аз ҳудуди 6000 сомонӣ боло фурӯхта шавад. Аммо ҳоло чӣ?
Дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маъруф ба “Зелёний Бозор”, фурудгоҳи шаҳри Душанбе арзиши чиптаро ба мусофирон 8-9 000 сомонӣ мегӯянд. Масалан, 19 июн дар нуқтаҳои фурӯши фурудгоҳи пойтахт аз ширкати “Сомон-Эйр” ба самти Душанбе-Москва (тавассути Тошканд) нархи чипта 8500 сомонӣ буд. Ин ширкати ватанист, ки чунин нархгузорӣ дорад. Пас, чӣ ҷои гила аз ширкатҳои хориҷӣ, ки онҳо ҳам мехоҳанд пояшонро баробари ширкати ватанӣ дароз кунанд. Аммо бархе чиптафурӯшон дарро аз дохил маҳкам кардаву бо ҳар баҳона мегӯянд, ки чипта нест ё кор намекунем. Вале аҷиб, агар кор намекунанд, пас чаро дар дохили дӯкон менишинанд? Ба кадом ният? Ҳол он ки даста-даста шиноснома дар болои мизашон ҳасту мисли посӯхта ба ҳар ҷо медаванд. Ростӣ, мардум аз чунин вазъу бетаваҷҷуҳии ду ниҳоди масъул: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ба дод омаданд ва ҳоло ҳам дар пайдо кардани чипта сахт азият мекашанд.
Агар Икром Субҳонзода ва Абдулмаҷид Муминзод ба ин ҳолати бади бозори чиптафӯшурӣ бовар надоранд, маротибае на ҳамчун роҳбар, балки як шаҳрванд ё муҳоҷири сарсон ба нуқтаҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе раванд. Бипурсанд, ки нархи чипта чанд сомонӣ аст ва муносибат бо корафтодагонро мушоҳида кунанд. Хуб мешуд, ки либосҳояшон ҳам ғайрирасмӣ бошаду боздидашон бидуни намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирад.
Аммо, мутаассифона, шумо, ки роҳбарони Агентӣ сиёсати ягонаи ҳавонавардӣ ва Хадамоти зиддининҳосирӣ сиёсати танзиму назорати нархро бар зимма доред ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бовар карда, шуморо ба ин мансаб таъин кардаанд, рисолати худро ба таври кофӣ иҷро намекунед. Мепурсед, ки бо кадом далел? Далел — вазъи имрӯзаи бозори чипта дар Тоҷикистон! Яъне, имрӯз он чӣ аён аст, дарёеро мемонад ва пеши онро ба ҳеҷ ваҷҳ баста намешавад. Фишангҳое, ки шумо роҳандозӣ кардаед, баръакс бар зарари мардум анҷом ёфта истодааст. Ҳоло миёнаравҳо, манфиатхоҳон дар бозори чиптафурӯшӣ ҷайби мардумро тиҳитар карда, масъулеро парвое нест. Дар ин шароит мардум ҳам маҷбуранд бо ҳар нархе бошад, чипта пайдо кунанду озими Русия шаванд. Зеро дар ҳаросанд, ки боз бо хуруҷи пандемия масири ҳавоӣ дубора баста нашавад.
Масъулини сохторҳои зикршуда, дар пасманманзари ин ҳама мушкилот, ба хулосае омадан мумкин аст, ки зӯратон барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта намерасад.
Икром Субҳонзода, натиҷаи гуфтушунидҳои шумо бо ширкатҳои ҳавоӣ чӣ шуд, ки то ҳол муаммо ҳалли худро наёфтааст?
Мегӯянд, ки чиптаҳоро монополия кардаанд. Пас, Абдумаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон куҷо менигарад? Ё шояд ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст?
Интизори посухи шумоем.
Усмон Ниёзов, яке аз садҳо мусофири сарсон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ