Чиптаи ҳавопаймо Чаро дар Бишкек арзону дар Душанбе қимат?

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон ба тамоми самтҳои парвоз, махсусан Русия нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хело гарон аст.

Мардум борҳо  аз  ин гуна  нархгузории чиптаҳои ҳавойпаймо изҳори нагаронӣ кардаанд, аммо масъулин инро нодида  мегиранд. Бархе ба андешаанд, ки ин нархгузориҳо сунъист ва гурӯҳҳои алоҳида ба ин манфиатдоранд. Масъулин ҳам хуб медонанд, ки нархи  чиптаҳои ҳавопаймо  хеле гарон аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  ибтидои моҳи ноябри соли ҷорӣ зимни як ҷаласаи парлумонӣ аз гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо нигаронӣ карда, иброз дошт, ки бештари шаҳрвандони мо, аз ҷумла муҳоҷирон,  бинобар гарон будани нархи чиптаҳои ширкатҳои ватанӣ аз  хизматрасонии дигар ширкатҳои ҳавопаймо  истифода мебаранд. Зуҳуров  аз Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, суол кард, ки чаро чиптаҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои ҳамсоя қиматтар аст? Ш. Ганҷалзода дар посух ба ин савол иброз намуд, ки яке аз сабабҳои асосӣ қимат будани нархи сӯзишворӣ аст ва гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои дигари қимат будани нархи чиптаҳоро ҳоло омӯхта истодааст: “Сабабҳоро дар алоҳидагӣ омӯхта истодаем ва хулосаҳоро ба Ҳукумат пешниҳод мекунем. Талош мекунем, то нархи чиптаҳоро поин барем”. Аммо  Шукурҷон Зуҳуров қимат будани нархи чиптаи ҳавопаймоҳоро мушкили мубрам дониста, аз вазири нақлиёт даъват намуд, ки  арзиши чиптаҳоро арзон намояд.

Воқеан, дар мо анъана шудааст, ки ҳамасола аввали  баҳор ва  моҳҳои август-сентябр нархи чиптаҳо ба  ҷаҳиш медароянд. Дар ин вақт тӯдаи зиёди муҳоҷирон кишварро тарк гуфта, барои кор ва донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил ба Русия ва кишварҳои дигар  мераванд. Аз ин ширкатҳои ҳавопаймои  Тоҷикистон сӯистифода карда, нархро  боло мебаранд.  Масалан, моҳи августи соли ҷорӣ  нархи чиптаи ҳавопаймо дар самти Тоҷикистон-Русия аз 2 ҳазор якбора то ба 3 ҳазор сомонӣ расид. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамон шабу рӯз  гуфта буд, ки вобаста ба ин масъала Ҳукумати кишвар барои мӯътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додааст. Ба гуфтаи вазири нақлиёт,  барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, масъулин якҷоя бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон нархномаи чиптаҳоро баррасӣ доранд.  Ганҷалзода болоравии нархи чиптаи ҳавопайморо мавсимӣ хонда, афзуда буд, ки он ба зудӣ поин хоҳад рафт. Аммо ин тавр нашуд . Чаро қирғизҳо тавонистанд, ки нархро паст кунанд, аммо Тоҷикистон не? Ҳоло  бештари сокинони шаҳри Исфара аз фурудгоҳи Уш истифода мебаранд. Ҳарчанд сарҳадбонони қирғиз барояшон монеа эҷод мекунанд, аммо нарх барояшон арзон аст. Ҳамчунин, бештари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирон барои рафтан ба Русия, фурудгоҳҳои Кӯлобу  Хуҷандро дар мадди аввал мегузоранд. Зеро нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар ин ҷо нисбат ба Душанбе арзонтар мебошад. Барои муқоиса ҳоло нархи парвози  кишварҳои Осиёи Марказиро   ба самти Русия дар моҳи ноябр мебинем. Хулосабарорӣ аз шумост…

 

Бишкек- Москва

Номи ширкат Нарх бо сомонӣ
Уральские авиалинии  698.7190
Аэрофлот 778.8456

 

Тошканд-Москва

Номи ширкат Нарх бо сомонӣ
Аэрофлот 1 151.9123
ЮТэйр  1 167.3495
Узбекистон хаво йуллари 1 187.5649

 

Душанбе- Москва

Номи ширкат Нарх бо сомонӣ
ТоҷикЭйр 1 542.4990
Уральские авиалинии 1 558.7938
ЮТэйр  1 625.4435

 

 

Кӯлоб- Москва

Номи ширкат Нарх
Уральские авиалинии  850.2735
   

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *