Чиптаи тиллоӣ каппаи ширкати ҳавоии «American Airlines» -ро сӯхт. Медонед чи тавр?

Стив зиёда аз 10 000 сафар анҷом додааст, ки баъзан вақт сафари ӯ барои як тарабхона ба хотири хурдани сэндвич ё дар бозӣ иштирок намудан анҷом меёфт.
Ин мардеро, ки дар акс мебинед ба ширкати ҳавопаймоии Амрико зарари калони молиявӣ овардааст. Соли 1987 шаҳрванди ИМА Стив Вортштейн аз ширкати ҳавоии «American Airlines» чиптаи тиллоӣ харидори намуд, ки арзиши он 250 000 долларро ташкил медод ба ӯ иҷозат дода шуд, ки илова ба чиптаи харидориаш 150 000 доллар дар ҳавопаймоҳои аврупоӣ бепул сафар намояд.

Чиптаи тиллои ба Стив имкон дод ки то лаҳзаи марг аз ширкати ҳаввои «American Airlines» ва аврупо ба таври ройгон танҳо ва ё бо ҳамроҳи дустонаш истифода намояд. Стив зиёда аз 10 000 сафар анҷом додааст, ки баъзан вақт сафари ӯ барои як тарабхона ба хотири хурдани сэндвич ё дар бозӣ иштирок намудан анҷом меёфт.

Ӯ ба одамоне ки дар фурудгоҳ дар мондаанд ва имкони баргаштан ба кишвари худро надоранд кумак мерасонид ва онҳоро ба кишварҳояшон мерасонид. Вақте дар ҳолати қаҳр сафар менамуд, ӯ иҷозат намедод ба ду курсии паҳлуяш касе бишинад. Баъзан ӯ субҳ ба Канада сафар менамуд барои ҳамсари меҳрубонаш аз онҷо хурок мехарид, ки ҳамагӣ 50 доллар арзиш дошт.

Стив бо хушҳоли мегуфт: «Ман субҳ зуд ба Канада рафтам ва баргаштам». Танҳо дар як моҳи июли соли 2004, ӯ ба 18 кишвар сафар намудааст. Ҳамеша мегуфт: «Ман меравам ба Ҳама гушаи дунё. Ман як чомадони хурд, либос мегирам ба фурудгоҳ меравам». То соли 2008 тақрибан 21 сол: Стив 10 000 маротиба сафар кардааст; 10 миллион мил тай намудааст. Аз 40 миллион нуқтаҳои парвоз сафар анҷом додааст. Ӯ 500 маротиба ба Англия. 70 маротиба ба Австралия. 120 маротиба ба Токио сафар намудааст.

Аз ҳисоби ин мард ширкати «American Airlines» 21 миллион доллар зарар дид. Ширкат дар аввали моҳи соли 2008 бо ҳар роҳе қарор баровард, ки чиптаи тиллоие ки Стив Вортштейн соли 1987 харидори намуда буд беэътибор дониста шавад. 13 декабри соли 2008 Стив ба фурудгоҳ омад, то ҳамроҳи дусташ сафар анҷом диҳад. Кормандони амнияти фурудгоҳ ба ӯ хабар доданд, ки чиптааш беэътибор дониста шудааст.

Ин барои Стив як зарбаи бузург буд. Аз ин сабаб ӯ бо ҳолати изтироб ба хона баргашт ва чанд рӯз хоб накард. Ӯ тасмим гирифт, ки аз болои ширкати «American Airlines» ба додгоҳ шикоят мебарад. Дар шикояти худ, гуфтааст, ки Амрико сарзамини озодӣ, адолат ва демократия аст «American Airlines», зиндагии ӯро бо дур кардан аз маҳфилҳои дӯсттонаш ба ӯ зарбаи равони задааст.

Алайҳи ширкат парванда боз шуд.   Аз сабаби он, ки ширкат якҷониба созишномаро беогоҳи вайрон кард, ва муштариро ба ғаму андуҳ азоби руҳонӣ оварда расонид, ширкат вазифадор карда шуд, ки 3 миллион доллар ҷуброни зарар ва чиптаи тиллоиро ба ҳолати аввалааш баргардонад… Бознашр аз саҳфаи Ҳусниддин Раҳимов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *