Чоқла простатитро шифо мебахшад?
Дарде дорам, ки аз гуфтанаш шармам меояд, вале нагуфта ҳам наметавонам, чунки ҳолам рӯз то рӯз бадтар шуда, пешобамро нигоҳ дошта наметавонам. Қатори дигар ҷавонмардони тоҷик ман ҳам ҳар сол ба Русия мардикорӣ рафта меоям.
Дар ғарибӣ чор танга пул ёфтан осон нест. Кори вазнин ва ҳавои сарди ин кишвар ба саломатиам таъсир расонда, ба простатит гирифтор шудам. Шунидам, ки ин бемориро бо усулҳои халқӣ ҳам табобат карда мешудааст. Бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, ки ягон роҳи осони табобати простатиро ба ман бигӯед.
Сайфулло Қурбонов, шаҳри Кӯлоб
Ба суоли шумо табиби мардуми Садриддиншоҳ Ҷалолӣ посух мегӯяд.
Посух
Бародари азиз, агар простата чирк гирифта бошад, амали массаж аз роҳи мақъат зарур аст, то ки чирк барояд. Ин корро анҷом надиҳед, на сӯзандору ба шумо ёрӣ мерасонад ва на давоҳои халқӣ. Массажро бояд мутахассис анҷом диҳад, зеро дар акси ҳол он ба ҷои фоида зарар расонида метавонад. Чирк надошта бошад, бо ин давоҳои халқӣ шумо аз ин касалӣ халос шуда метавонед.
Нусхаи аввал
Раҳдавак, алафи газанда, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, гиёҳи думи гов ва гули гандумро ба андозаи баробар гирифта, дар зарфе андозед ва аз болояш 400 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Барои он ки даво тайёр шавад, як соат тоқат карда, сипас гиёҳобро меполонед. Рӯзе 4 маротиба аз ин даво ним соат пеш аз хӯрок ним истаконӣ бинӯшед. Табобатро то эҳсос намудани шифои комил давом додан лозим аст.
Нусхаи дигар
50 грамм пӯсти пиёзи бехиро дар 700 грамм об ҳамагӣ 4-5 дақиқа ҷӯшонда, оташро хомӯш намоед ва монед як соат истад. Ин даворо рӯзе се маротиба як пиёла, то нӯшидан лозим аст. Даворо пеш аз хӯрок менӯшед ё баъди хӯрок фарқ надорад.
Нусхаи сеюм
3-4 дона анҷирро бегоҳ дар оби ҷӯш тар карда, саҳар дар дили наҳор, аввал худи анҷир ва сипас обашро нӯши ҷон созед. Ба дарди шумо, ҳамчунин, гиёҳҳои морчӯба, чилбуғум, гули ҳамешабаҳор, тухми шибит, решаи ширинбуя ва гулӯ, барги газна даво шуда метавонанд. Ин гиёҳҳоро дар якҷоягӣ нӯшонда, обашро рӯзе 3-4 маротиба нӯшед. Бодранҷбӯя, морчӯба ва мармарак ҳам ба простатит фоида доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ