Чоҳ дар роҳ

Чаро ҷавонони Спитамен ба он меафтанд?

…Нахустфарзанди Бекмурод-Ҷавоҳир, ки  6 сол дорад,  ба хона баргаштани падарашро интизорӣ мекашад. Пас аз як сол ӯ ба синни мактабӣ мерасад. Аммо ин кӯдаки аз  асли  гап бехабар, умед дорад, ки падараш дар Русия асту то оғози соли хониш ба Ватан бармегардад. Ӯ намедонад, ки падари “ҷиҳоддӯсташ” танҳо баъд аз 8 сол “аз Русия меояд”. Вақте аз ӯ пурсидем, ки падарашро чӣ қадар пазмон шудааст, Ҷавоҳир ангушти ишорат сӯйи кӯҳ карда гуфт: “Падарамро аз ҳамон кӯҳ ҳам баланд ёд кардаам…”.

             Саволҳои беҷавоби фарзандон

Ҳамсари Бекмурод-Мафтуна Сатимоваро на танҳо ғами дар паси панҷара будани шавҳар, инчунин кунҷковиҳои фарзандонаш ба қавли худи ӯ “обу адо” кардааст.  Ба гуфтаи ин зан рӯзе нест ки писари калонияш Ҷавоҳир “падарам кай меояд?” гуфта пурсон нашавад.  Ин суолро ҳамарӯза  ду фарзанди калониаш такрор ба такрор медиҳанд. Барои нашикастани рӯҳияи онҳо ашки чашмашро ниҳон дошта,  “Худо хоҳад падаратон корҳояшро ба анҷом расонад,  ҳатман меояд”, – мегӯяд.

                 Ноҳияҳои осебпазири Суғд

Шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен маҳалҳои осебпазири вилояти Суғд дар мавриди шомил шудан ба ҳизбу гурӯҳҳои тундгаро ном бурда шуданд.  Лоиқшо Зикирзода, раиси суди ноҳияи Спитамен гуфт, ки ин ноҳия аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷойи сеюм баъд аз шаҳрҳои Исфараву Истаравшан қарор дорад. Ба гуфти  ӯ, соли 2016 судяҳои ноҳияи Спитамен 6 парвандаро нисбат ба  7 нафар мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин теъдод 2 нафарашон дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд. Раиси суди ноҳияи Спитамен мегӯяд, ки ҳар дуи онҳо ҳангоми бозгашт аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон боздошт шуданд.

Шароити  хуб, аммо дониши динӣ нохуб

Мақсудҷон Ахмедҷонов,  имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Мавлонои Румӣ”-и  деҳаи Оқтеппа, гуфт  муаммое, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ-экстрамистӣ дошта мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо бештар ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, шомил мегарданд. Зеро ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти дониши динӣ, дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ,  моддӣ, идеологӣ ва ғайраҳо ҳастанд, зуд роҳи халосӣ аз проблемаҳоро дар чунин равияҳои номатлуб мебинанд.

Бекмуроди  сенома

401 иловаи 1 дар кофтуков қарор дорад) бо аъзои иттиҳоди ҷиноятпешаи террористӣ ва экстремистии “Ҳизби Исмоилии Туркистон” бо Юсупов Ҷавлон ва дигарон шиносоӣ пайдо намудааст. Баъд ӯ мунтазам рӯзҳои ҷумъа дар масҷиди зикршуда ба намоз мерафт. Он ҷо бо аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ вохӯрда, дар ҷаласаҳои пинҳонии иттиҳод, ки бо роҳбарии Ҷавлон Юнусов,  Муҳаммадҷон Раҳимов ва Муродҷон Эрматов гузаронида мешуданд, иштирок намуда, аз номбурдагон таълимоти ифротгароёнаи динӣ гирифта, ақидаҳои ифротгароёнаи худро қавӣ гардонидааст.

Сипас, моҳи июни соди 2014  бо роҳи “Байъат” додан ба иттиҳоди ҷамъиятии  “Ҳизби исломии Туркистон”, ки мақсадаш тағйир додани сохти конститутсионии давлатиҳои демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва барпо кардани давлати исломӣ  мебошад аъзо гардида, тахаллуси “Довуд”-ро гирифтааст.  Илова бар ин, аз ҷониби роҳбари ҷузъу томи таркибии иттиҳоди мазкур дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия  бо номи Абдулло барои бо роҳи ташфиқу тарғиб зиёд кардани аъзои иттиҳод ва ҷамъ кардани аъзоҳаққӣ вазифадор шудааст. Соли 2014 ба маблағи 5000 рубли Федератсияи Русия  аъзоҳаққӣ супурдааст.

           Фаъолтарин шогирд буд, аммо…

— Аз солҳои  2003 то 2007 ба  Бекмурод  ва Муродҷон (ӯ ҳам бо ҳамин ҷурм зиндонӣ шудааст) дарс додаам.  Ҳар ду аз ҳамдигар боодаб буданд. Гарчанд Муродҷон яккаписар  ва каме шӯх бошад ҳам, дар сараш ягон фикру идеяи бад надошт. Зеро ман муаллима ҳастам ва дар сари шогирдонам чӣ фикру ниятҳо ҳаст, чун модари худашон ҳис мекунам.  Имрӯз дар деҳаи Оқтеппа оилаи Сатимовҳо намунаи ибрати дигарон аст,  ҳамашон таълиму таҳсилдида, худи Бекмурод духтур буд мегӯяд,- Сабоҳат  Мирзоқулова, котиби  ҷамоати деҳоти “Истиқлол”- и ноҳияи  Спитамен ва муаллимаи ӯ.

Дарди дандони волидон

Моҳи  апрели 2013 Бекмурод ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия  барои кор рафта, он ҷо ду моҳ дар сохтмон кор кардааст. Пас аз ду сол ӯ ҳамсар ва фарзандонашро ба наздаш овардааст. Сипас, моҳи апрели соли 2014 ҳамсар ва фарзандонашро ба Тоҷикистон фиристода, манзили зисташро иваз кардааст. Тахмин моҳи июни соли 2014 додараш Шӯҳрат ӯро ба хонаи Мӯсо ном    шаҳрванди Ӯзбекистон даъват намудааст. Дар он манзил Абдулло ном шахс аз Ӯзбекистон ҷамъомад ташкил карда, оид ба ҷиҳод суханронӣ мекардааст.  Баъд моҳи октябри соли 2014 ӯ боз ба шаҳри Новосибирск рафтааст.

Инчунин ӯ охирҳои моҳи апрели соли 2015 Бекмурод ба додараш Шӯҳрат барои баргаштанаш ба Тоҷикистон 10 ҳазор рубли русӣ додааст.

Модари Бекмурод дар мурофиаи судӣ нишондод дод, ки  дар ҳақиқат писараҳояш  Шӯҳрат ва Бекмурод ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аммо пеш аз муҳоҷират Бекмурод се сол ҳамчун дандонпизишк кор кардааст. Вале баъди дандонпизишкӣ худ дарди дандони волидонаш гаштааст.

                                               8 сол паси панҷара

Суди ноҳияи Спитамен Сатимов Бекмурод Дилмуродович (соли таваллудаш — 28 январи 1983, зодаи ноҳияи Спитамен)-ро  бо моддаи 178 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ин аст ҳаёти як ҷавонмард, ки дар  оилаи зиёӣ ба дунёӣ омада, замони мактабхонӣ ифтихори мактаб ва дар оила фахри модару падар буд. Вале имрӯз дониши пасти динӣ ва зудбоварияш ӯро ба муддати 8 сол паси панҷара  бурд.

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгаройӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст

                                                                                   Фарзона Муродӣ

                                                                               Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *