Чоҳи Сино сарпӯш шуд

Ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» ба муроҷиату шикоятҳои хонандагони сершумораш ва дигар мардуми кишвар сари вақт вокуниш зоҳир карда,мекӯшад  дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ва масъалаҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат намояд.

 Аз ҷумла дар шумораи  14-уми ҳафтанома аз 5 апрели соли равон номаи интиқодии сокини ноҳияи шаҳри Душанбе Ҷумъа Шариф «Дом дар чоҳ дар ноҳияи Сино барои кист?» ба табъ расонда, аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳияи Сино ислоҳ кардани камбудии ошкоршударо тақозо намуда буд.

 Чоҳи хатарзо

Дирӯз бо имзои ба идораи ҳафтанома номаи вокунишӣ расид. Дар он омадааст: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мактуби шуморо аз 14 апрели соли 2017 таҳти №39 мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки сарпӯши бетонии чоҳи канализатсия дар кӯчаи Маяковский бинои №77а дар ҷояш барқарор карда шуда, сурати он замима карда мешавад», — чунин вокунишро раиси ноҳияи Сино Н. Салимзода имзо карад, дастрас кунонд.

Чоҳ пас аз дахолати ҳафтанома бехатар карда шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *