Чойхонаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ ва ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ чойхонаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов баъди таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими ифтитоҳи чойхона вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, гуруҳи меҳмонон аз шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорусия, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш ва сокинони маҳалла иштирок намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки чойхонаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов дар замони гузашта ҷойи нообод буда, баъди таъмиру азнавсозӣ симои худашро куллан дигаргун намуд. Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сокинон ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё мебошад.
Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба симои маҳалла зебоии хоса зам менамояд ва таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
— Ҷоиз ба зикр аст, ки бо иқдомҳои бунёдкоронаи шаҳрдорӣ соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 3 чойхонаи нави маҳаллаҳои “Мевағул”, “Қўшҳавз” ва “Сари баландӣ” сохта ба истифода дода шуданд, ки имрўз аҳолии маҳаллаҳо аз ин марказҳои фарҳангиву маишӣ самаранок истифода намуда истодаанд. Инак, чорумин чойхонаи ҷадид мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Интизор меравад, ки марҳила ба марҳила дар тамоми гўшаву канори 22 маҳаллаҳои шаҳр чунин чойхонаҳои замонавӣ барои мардум сохта ба истифода дода мешаванд,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ