Чопи санадҳои махфӣ дар мавриди лагерҳои мусалмоно дар Чин

Санадҳои махфие, ки 24 ноябр нашр шуданд, нишон медиҳанд, чи гуна мақомоти Чин тамоми ҷанбаҳои зиндагии то се миллион одамро дар урдугоҳҳои бозтарбияи минтақаи Шинҷон назорат мекунанд.

Ин санадҳоро нахуст Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажуҳишгар (ICIJ) дастрас кард ва сипас расонаҳои гуногуни кишварҳои ҷаҳон дар асоси онҳо матлаб нашр намуданд.

Тибқи санадҳои ифшошуда, раҳбари амниятии минтақаи Шинҷони Чин соли 2017 дастурамалеро тасдиқ кардааст, ки аз андозаи мӯи сар то замони кушода ё баста шудани дарҳои урдугоҳҳоро танзим мекунад. Мақомоти Чин барои интихоби дақиқи сокинон ва боздошти онҳо барои интиқол ба урдугоҳҳои бозтарбия аз низоми ҳушманди чеҳрашиносӣ истифода мекунанд.

Пекин дар аввал таъсиси урдугоҳҳои мазкурро, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар онҳо ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳо иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд, «марказҳои омодагии ҳирфаӣ» номида, гуфт, ба хотири пешгирӣ аз экстремизму терроризм таъсис шудаанд.

«Ню-Йорк Тайм» 16 ноябр бо такя ба санадҳое, ки аз «як манбаи дохилии Чин берун омадааст», гузорише ба нашр расонд, ки тасвире аз сиёсати ин кишвар дар баробари ӯйғурҳои турки мусалмон ироа мекунад.

Бар асоси баровардаҳои Вазорати умури хориҷии Амрико, ҳукумати Чин то кунун ду миллион ӯйғури мусалмон ба ҳамроҳи бархе дигар аз ақалиятҳоро бидуни тай шудани раванди қонунии лозим, боздошт карда ва талош дар «решакан кардан»-и фарҳанги онҳо дорад.

Санадҳои ҳукумати Чин, ки «Ню-Йорк Тайм» нашр кард, нишон медиҳад, ки сиёсати Пекин «боздошти умумӣ»-и мусалмонони ин кишвар аст ва як мақоми баландпояи ин кишвар дастур додааст, «ҳар касеро, ки бояд ҷамъоварӣ шаванд, ҷамъ кунанд».

Ин санад ҳамчунин ба дастури президенти Чин аз соли 2014 ишора мекунад, ки гуфтааст, «ҳеҷ чашмпӯшие барои саркӯби терроризм ва ҷудоиталабӣ набояд дар назар гирифта шавад».

Минтақаи Шинҷон дар гузашта шоҳиди эътирозҳо ва боздоштҳо будааст ва суханони Си Ҷинпин баъд аз як ҳамлаи террористӣ дар ин минтақа эрод шудааст. Бар асоси гузориши «Ню-Йорк Тайм», ин санадҳо аз сӯи як узви Созмони давлатии Чин берун омадааст.

Моҳи гузашта 22 узви Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Амрико рафтори ҳукумати Чин бо мусалмонони ӯйғур ва боздошти густурдаи онҳоро мавриди интиқод карор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *