Чор сироятёфтаи коронавирус дар Ӯзбекистон

Имрӯз шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба чор нафар расид. дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус COVID-19 дар Ӯзбекистон рӯзи гузашта аз як шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса баргаштааст, пайдо намуданд.

“Рӯзи 15 март соати 6:00 дар бадани шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, коронавирус COVID-19 ошкор шуд”,  — омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.

Дар пайи ошкор шудани нахустин ҳолати сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон Сардухтури санитарии ин мамлакат Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

 “Ҳувияти ашхосе, ки бо сироятёфта дар алоқа буданд муайян карда шудааст ва рӯйхати мусофироне, ки ҳамроҳи ӯ тариқи хатсайри Фаронса-Ӯзбекистон сафар карда буданд, омода шудааст ва ба зудӣ макони истиқомати ҳар яки онҳо муайян карда мешавад ва онҳо зери назорати пизишкон қарор дода мешаванд”, – гуфтааст Баҳром Алматов.

Ба гуфтаи номбурда, феълан мутахассисон дар ин самт корҳои заруриро анҷом дода истодаанд.

Ҳамзамон, Баҳром Алматов иброз намудааст, ки ин шабонарӯз ба Ӯзбекистон 4,8 ҳазор мусофир тариқи ҳавопаймо, наздики 2 ҳазор кас бо қатора ва 38 ҳазор мусофир тариқи дигар нуқтаҳои сарҳадӣ ворид шуда, аксари мусофирон аз кишварҳои Аврупо, Россия ва Қазоқистон бозгаштаанд.

Бино ба гузориши сардухтур, феълан 7,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар карантини хонагӣ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *