Чораҳои пешгирии каронавирус дар Душанбе пурзӯр мегардад

Дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо андешидани  тадбирҳои зарурӣ   ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус пурзӯр мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои манбаъ бо супориши махсуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои муҳими муҳофизатӣ  ва дигар корҳои тамизкорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр тақвият бахшида шуда, ҳамчунин бо мақсади  расонидани тавсияҳои мутахассисон  баҳри муҳофизат аз ин беморӣ масъулин  бо аҳолии пойтахт бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Тайи чанд рӯзи охир сару садоҳо оид ба ворид шудани каронавирус ба Тоҷикистон ва фавти 10 нафар аз он мардумро ба таҳлука ондохт. Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориши охирони худ овозаҳои ба Тоҷикистон ворид шудани каронавирусро рад намуда сабаби фавти 10 нафарро аз илтиҳоби шуш ваё  пневмония маънедод кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *