Чораҳои қатъӣ нисбати бемасъулиятҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҷаласае, ки ба натиҷагирии кори ҳукумати кишвар дар соли 2018 ихтисос дошт, ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон супориш дод, ки нисбати мақомдорони бемасъулият чораҷӯӣ кунад.

Вебсайти президенти Тоҷикистон дар хулосаи маҷлиси васеи ҳукуматӣ менависад, ки ба раиси дастгоҳ супориш шуд, ки ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои раҳбари давлатро таҳлил карда нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои супоришҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, “чораҳои қатъӣ андешад”.Дар ҷаласаи рӯзи 21 январ президент инчунин ба мавзӯи ҷалби духтарону бонувон ба хизмати давлатӣ муроҷиат кардааст.Ӯ аз кам будани шумори занону духтарон дар хадамоти давлатӣ интиқод карда мақомотро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ ва ҳам тарбияи кадрҳои баландихтисос дар миёни бонувон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *