Чораҳои шадиди амниятӣ дар фурудгоҳи Душанбе баъди таркиши Истонбул

Бархе сокинон дар суҳбати телфонӣ ба ҳафтаномаи «СССР» гуфтаанд, ки баъди таркишҳои Истанбул дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе чораҳои шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст.

Ҳафтаномаи «СССР» ба қавли хонандагони худ навишааст: «1 соат пеш яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР ба идора занг зада аз он хабар дод, ки кормандони бахши амниятии фурудгоҳи пойтахт мардумеро, ки барои гусели дӯстону пайвандон омадаанд, барои ворид шудан ба толори гуселу парвоз иҷозат намедиҳанд. Аз он ҷумла, ӯро, ки мехостааст дӯсташро, ки чиптаи парвоз аз Душанбе ба Дубайро дорад, кормандони хадамоти амниятии фурудгоҳ нагузоштанд вориди толор гардад ва вай маҷбур шудааст дар назди даромадгоҳ дар беруни фурудгоҳ хайрухуш намояд».

Мақомоти амниятии фурудгоҳ гуфтаанд, ки ин тадбирҳо ба хотири таъмини майдони ҳавоӣ ва рафту омадани мусофирон гирифта шудааст.

Бояд гуфт, шаби сешанбе дар майдони ҳавоии Отатурки Истанбул таркиш ба амал омад, ки беш аз 50 кас кушта ва 147 кас захмӣ шуданд. Гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Раҳбарони аксари давлатҳо ин ҳамлаҳои «Давлати исломӣ»-ро маҳкум намуданд.

Хабари ҷорӣ шудани тадбирҳои шадиди амниятӣ дар майдони ҳавоии Душанбе дар ҳолест, ки як рӯз қабал муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абуқодирзода гуфт, ки дар пайи авҷ гирифтани ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон иди Рамазон, ки 6 июл баргузор мешавад, бо чораҳои шадиди амниятӣ баргузор хоҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *