Чорабинии идона барои ятимону маъюбон дар «Шоми Файзобод»
Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод барои беш аз 30 ятимону маъюбони деҳот дар чойхонаи навбунёди “Шоми Файзобод” чорабинии идона доир гардид.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар чорабинӣ раиси ноҳия Бобишо Холзода иштирок намуда, ин қишри осебпазири ҷомеаро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ табрик карда, ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо ва хонаи обод таманно намуд. Инчунин, раиси ноҳия ба ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
— Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барои болидаруҳ гардидани кӯдакон барномаи рангини консертӣ баргузор гардид,- афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки “Шоми Файзобод” ба муносибати 31-солагии Ислиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкор Муқим Шоев бунёд гардида, он аз 2 ошиёна иборат буда, барои сокинони ноҳия ҳамчун чойхона бо тамоми шароитҳои замонавӣ хизмат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ