Чорабинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод сурат гирифт, кормандон ва намояндагони ниҳодҳои вазорат аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Иштирокдорон аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва давлатдорию дигар арзишҳои миллӣ таҳкими волоияти қонун нақши бориз дорад.
Дар интиҳо тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ, забони қадимаи тоҷикӣ поку беолоиш нигоҳ дошта шуда, бобати равнақи ин арзиши миллӣ давоми 25 соли мустақилияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шуданд, ки қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ»  аз қабили онҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *