Чоршанбе ва «Падида» ғолибони озмуни “Central Asia Got Talent” (видео)

Рӯзи 22 декабр Чоршанбе Аловатов ва гурӯҳи рақсии”Падида” ба гунае Осиёро такон доданд.

Дар давраи финалии озмуни “Central Asia Got Talen”, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардид, Чоршанбе Аловатов дар аввал бо суруди итолёвӣ ва баъдан бо як суруди тоҷикӣ баромад намуда, ҷои аввали озмунро сабти номи хеш кард.

 Мукофоти озмуни мазкур ба нафари ғолиб 10 миллион танга, ки ба 26 ҳазор доллар баробар аст, тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки Аловатов чанд сол пеш дар озмунҳои “Овози тиллоӣ” ва “Парвин”-и шабакаи телевизони “Баҳористон” иштирок намуда, ҳайати доваронро моту маҳбуби ҳунари хеш гардонида буд.

Аз он ҷумла иштирокаш дар озмуни “Парвин” ва иҷрои суруди Далер Назар “Агар он турки шерозӣ” бисёр хубу шуниданӣ буд ва шурӯъ аз озмунҳои дохили то байналмилали маҳорати Аловатов нотакрор буд.

Дар суруди дувуме, ки дар озмуни Central Asia Got Talen аз тарафи Чоршанбе Аловатов бо забони ним бадахшиву ним тоҷикӣ сароида шуд гурӯҳи рақсии “Падида” бисёр бо маҳоратона рақсида сазовори ҷойи намоён гардид ва ду пирӯзии зодагони Тоҷикистон дар як рӯз боиси ифтихору сарфароз буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *