Чоршанберо дар Маскав ҳабс карданд, аммо…

Дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиев — як блогер ва муборизи якҳарбаи бидуни қоида ва ё ММА боздошт шуд. Ӯро барои ҳаракати босуръат ва бидуни риояи қонун дар нақби Лефортовои шаҳри Маскав ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав мегӯяд, Чоршанбиев дар бозпурсӣ эътироф кардааст, ки гоҳо сари чанбари мошин нишаста қоидаҳоро вайрон мекард. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан сабти навори ҳаракати босуръати ӯ аз нақби Лефортоворо яке аз бародаронаш дар интернет ҷой додааст ва ин ҳодиса тобистон сабт шудааст. Ӯ гуфтааст, ки сари чанбари мошин сабт намекард ва шахсан худаш ҳеҷ навоерро ба интернет ҷой надода буд. Полис мошини «Тойота Камри»-и Чоршанбиевро дар як таваққуфгоҳи ҷаримавӣ ҷой дода, худи ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Маскав бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул аст.

Чоршанбе Чоршанбеев баъди боздошташ муроҷиатнома сабт кардааст,ки дар ор мегӯяд «Имрӯз ман аз хоб бедор мешавам ва мебинам, ки тамоми шабакаҳои хабарӣ дар саросари Русия нишон медиҳанд, ки гӯё маро боздошт кардаанд. Аввалан,ин пеш буд ва ҳоло ман ба хона меравам. Қариб дар ҳама ҷо маълумоти нодуруст аст, танҳо худи мо маълумоти дақиқ иедиҳем, аз ин рӯ лутфан бо мениджери ман тамос гиред «гуфтааст ӯ дар Instagram. Бояд гуфт, ки Чоршанбе шаҳодатномаи ронандагии дар қаламрави Русия амалкунанда надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *