Чорвои кишоварзони қарздор мусодира карда мешавад
Дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон мақомоти маҳаллӣ аз кишоварзоне, ки нақшаи гандумро иҷро накарданд, талаб доранд, бар ивази ҳар як кило 1200 сӯмӣ пардохт кунанд. Кишоварзоне, ки имкони пардохти нақдинаро надоранд, чорвоҳояшон мусодира карда мешавад.
Ба гуфтаи як кишоварз аз Сурхандарё, имсол ба далели камбуди об ҳосили гандум нисбат ба соли гузашта камтар шуд ва бинобар ин, бештари кишоварзон натавонистанд нақшаро иҷро кунанд.
«Имсол 80-90%-и кишоварзон нақшаро иҷро накарданд. Ҳоло раҳбарияти вилоят ва ноҳия аз мо талаб доранд, ки ба ҳар илоҷе нақшаро иҷро кунем. Дар мавсими баҳор кишоварзон аз норасоии об ба ниҳодҳои дахлдор шикоят карда буданд. Вале ҳоло мақомот камбуди об ва боришоти камро ба назар нагирифта, аз мо иҷрои нақшаро талаб доранд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Яке аз кишоварзони ноҳияи Қизириқи Сурхандарё мегӯяд, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба раҳбарии маъмурони Бюрои иҷрои иҷборӣ ба хонаҳои кишоварзоне, ки нақшаро иҷро накардаанд, рафта, маҷбур доранд, ки чорвои худро фурӯшанд ва пули онҳоро ба давлат супоранд.
«Онҳо ҳатто бо худ харидори чорворо низ меоранд. Яке аз кишоварзони мо буққа ва гову гусолаи худро маҷбур шуд, 12 миллион сӯм фурӯшад. Ин ҳолат кишоварзони дигарро нигарон кардааст», — изҳор дошт кишоварзи қизириқӣ.
Дар Бюрои иҷрои иҷбории вилояти Сурхандарё хабарҳо дар бораи мусодира шудани чорвои кишоварзонро рад карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ