Човушоғлу дар Душанбе

Нишастҳои пешинаи «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дирӯз бегоҳ барои иштирок дар нишасти вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» рӯзи 28-уми март ба Тоҷикистон омад. Нишаст рӯзи 30-юми март дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мақомоти Туркия хабар доданд, ки Човушоғлу бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, мулоқот мекунад. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Туркия гуфта шудааст, ҷонибҳо ҳама паҳлӯҳои равобити ду кишварро баҳс карда, дар мавриди масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ низ табодули назар хоҳанд кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфтааст,ки дар назар аст, президент Эмомалӣ Раҳмон Мавлуд Човушоғлуро ба ҳузур пазирад.
Нишасти нӯҳуми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.
«Қалби Осиё – Раванди Истанбул» як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.
Нишастҳои пешинаи «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *