Чу шохи ҷавонӣ бишканад гиряму гирям…

Гиря гулугирам , кардаасту наметавонам аз ин андӯҳи гарон сарии мизи кориям нишинаму чанд сатре дар суги ин додари азиз бинвисам. Ҷавони тануманду дидадарову ростинро марг аз мо ғофилгир намуд…

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар пайи беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ 41 сол дошт

Даргузашти Тоҳир Азиззодаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии “Машъал” таъйид кард.

“Аз аввали моҳи сентябр ба ин тараф вазъи саломатиашон хуб набуд. Рӯзи 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар ифтитоҳи як муассисаи таълимӣ иштирок карданд, баъди ҳамин дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш саломатиашон бадтар шуд ва барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе рафтанд, вале ин бегоҳ ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, — гуфт Ҳикмат.

Ин ҳамсуҳбати мо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани Азиззода изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, ки “табъ кардаанду фишорашон ҳам баланд шудааст”.

Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2009 бахши иқтисодӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғави ин ноҳияи буд. Соли 2012, ӯ як ширкати сохтмонии ҶДММ «Пастиғав» -ро таъсис дод ва то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд. Соли 2016 бо фармони раиси ноҳия ӯро муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

Азиззода аз 13 январи соли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуда, аз ҷониби раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.

Мо аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ва ҳафтанмоаи “Тоҷикистон” аз даргузашти ин ҷавонмарди боҳиммату бофазилат, инсони кордону масъулиятшинос сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонаводаву пайвандон ва ёру дӯстони марҳум аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоста, даст ба дуои онем, ки хонаи охирати ин ҷавонмардро бо нури имон мунаввару обод  гардонида, ҷой дар фирдавси барин дошта бошад.Омин!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *