Cорбон: Дар бораи коронавирус роман навиштам
Хиёбони нодир
Ман ба кӯчаи аҷибе омадам. Кӯчаи Ҳабиб Юсуфӣ. Дар мавриди ин кӯча зиёд шунида будам, вале онро бори аввал дидам. Дар ин гузар ҳавлиҳои бузургтарин адибони тоҷик Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Убайд Раҷаб, Фазлиддин Муҳаммадиев, Холмурод Шарифов, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат ва қаҳрамони имрӯзаи мо Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон воқеъ аст.
То расидан ба ҳавлии устод Сорбон дар зеҳнам суолҳои зиёд пайдо шуданд. Чаро ин кӯча осорхонаи адибони Тоҷикистон набошад? Чаро дар дарвозаҳо лавҳаҳо гузошта нашудаанд? Агар чунин як хиёбон дар Аврупо ё Амрикову Русия мешуд, чӣ ном медошт? Чаро мо ба қадри фарҳанги ғанӣ, адабиёти бой ва фарҳехтагону сарсупурдагон намерасем?
… Занги дарвозаро пахш кардам. Пас аз лаҳзае марди солхӯрдаи нуронӣ, тоқии тоҷикӣ дар сар, бо чеҳраи кушод маро пешвоз мегирад ва ба меҳмонхона роҳнамоӣ мекунад.
Маро ҳаяҷон пахш кард. Бовар намекардам, ки бо нависандаи дӯстдоштаам, муаллифи романи “Актёр” устод Сорбон рӯ ба рӯ нишастаам.
Устод ҳаяҷони маро дарк карда, лутф мекунанд:
— Роҳат бошед, аввал якфинҷонӣ қаҳва менӯшему баъд суҳбат мекунем.
Лаҳзае нагузашта, бонуи хонадон қаҳва оварданд…
Бовар дорам, ки ҳар нафаре меҳмони ин хонавода шавад, ба ин бону дил мебандад. Зеро эшон ғамхору ғамгусори нависандаи маҳбуби тоҷик, модари мушфиқи фарзандон, бибии меҳрубон ва дастархондору меҳмоннавозанд.
— Фазои кӯчаи шумо маро ҳаяҷонзада кард устод,- гуфта, хостам риштаи суҳбатро ба даст гирам.
— Дар ин гузар 11 коттеҷ, хонаҳои дуошёна буд, ки нависандаҳо ва аҳли фарҳанг зиндагӣ мекарданд. Фақат мо мондем,- бо табассум гуфтанд ҳамсари устод хонум Зуҳро.
Устод Сорбон чизе гуфтанӣ буданд, вале сукут карданд…
Асаре, ки ба душворӣ тавлид шуд…
— Устод, соли гузашта, дар арафаи зодрӯзатон дар суҳбат ба хабарнигорон гуфта будед, ки дар бораи Маздак ва наҳзати маздакия роман менависед. То куҷо ин нақшаатон амалӣ шуд?
— Ман имрӯз қоил мешавам, ки дар навиштани ягон асарам мисли “Маздак” азоб накашидаам. Аввал ин ки, вазъи саломатиам он қадар хуб набуд. Дигар ин ки, дар мавриди шахсияти Маздак маълумот ниҳоят кам аст. Дар дигар забонҳо шояд бошад, вале бо забони тоҷикӣ маълумот кам. Фақат дар осори Гардезии Ғазнавӣ ва “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров маълумоти дақиқ ҳасту халос. Махсусан, дар боби “Наҳзати Маздак” баъзе маълумотҳои нодир ҳаст. Вале дар мавриди хонадони Маздак, ба ғайр аз он ки падараш Бомдод ном ё тахаллус дошт, ҳарфи дигаре нест.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, ман аз манобеи мухталиф маълумот гирд оварда, асарро ба охир расонидам. Ҳоло романро барои мутолиа ба дӯстонам додаам. Умед дорам, ки ба наздикӣ нашр шавад.
Устод Сорбон мегӯяд, романи “Маздак”-ро ба он хотир навиштааст, ки миллати тоҷик худашро бишносад ва иштибоҳҳояшро дарк намояд: “Маздак дар аҳди Қайқубод зистааст. Наҳзати Маздак муқобилияти халқи одӣ, халқи хокпошу донпош бар зидди дороёну муфтхӯрону золимон аст. Ҳаракати Маздак руҳи бедору қалби озодихоҳи мардуми моро дар гузашта инъикос мекунад. Вале дар баробари ин иштибоҳоти моро бозгӯ мекунад. Ман дар “Маздак” сахт гуфтам, вале муроди ман ин аст, ки хонанда ибрат гирад. То куҷо дар ин амр муваффақ шудам, инро намедонам, қазоват аз хонанда аст”.
Нависанда мегӯяд, ки дар навиштани ин асар хеле азоб кашидааст. “То имрӯз касе дар бораи Маздак асари комил нанавиштааст. Фирдавсии бузургвор, ки “Шоҳнома” навишт, мегӯяд ки ““Маздак”-ро нанавис, рӯзи хуш намеорад”. Ман як ғайрат кардам, вале се соли тамом азоби зиёд кашидам”,- мегӯяд устод Сорбон.
Короновирус имтиҳон буд
Зимни суҳбат бо устод Сорбон маълум шуд, ки эшон низ бо вуҷуди аз хона берун набаромадан ва эҳтиёткор будан аз коронавирус эмин намондаанд: “Аз замони оғоз шудани ин беморӣ бо тавсияи фарзандон хонашин шудем. Берун намебаромадам, касеро ҳам қабул намекардам. Бо вуҷуди ин, сироят ёфтам. Ман се маротиба ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронидаам, бинобар ин, масъунияти қавӣ надорам. Сироят ёфтанамро ба короновирус аввал нафаҳмидам, вале ташхис ин бемориро дар вуҷуди ман муайян кард. Табобат гирифта, шукр, сари по шудам”.
Ба андешаи нависанда, аз коронавирус онҳое фавтиданд, ки ҳарос доштанд ва ё бемори вазнин буданд: “Ба ин беморӣ яке ғалаба мекунаду яке мағлуб мешавад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои ман, онҳое аз ин беморӣ вафот карданд, ки ба тарсу воҳима дода шуданд. Албатта, нафарони дардманду пиронсол низ бо ин вабо мубориза карда натавонистанд”.
Устод Сорбон ин бемориро имтиҳони шадид барои санҷиши инсонҳо медонад: “Коронавирус инсонҳоро имтиҳон кард. Инсонҳоро аз ҳамдигар дур кард. Нафарони зиёде бе ҷойи кор монданд. Барои баъзеҳо имкониятҳои нав пайдо шуд, ки зиндагиашонро пеш баранд. Аввал инсонҳо бераҳм ва аз ҳам дур шуданд, баъдан ба қадри ҳам расиданд. Ман мушоҳидаҳоямро аз рӯзгори замони коронавирус ҷамъугир карда, рости гап, як роман навиштам. Ҳоло сиёҳнависи он дар компютерам аст. Касе онро нахондааст. Худо хоҳад, ҳамин шабу рӯз онро низ ба дасти чоп медиҳам”.
Насли Сорбон: Аз Амондара то Амрико
Ҳангоми суҳбати мо бо устод Сорбон чанд маротиба дар кушода мешуд ва набераҳо даромада, бобояшонро зиёрат мекарданд. Бинобар ин, аз устод дар мавриди фарзандону набераҳояшон пурсон шудаму чунин посух шунидам:
— Насли Сорбон имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Аз Амондара то Амрико, Аз Тоҷикистон то Русия, ҳатто дар Қазоқистон. Писари калониам Комронҷон дар Душанбе аст. Писари хурдиам бо оилааш ва набераҳо дар Амрико. Духтаронам дар Тоҷикистон. Набераҳо парончак дар тамоми дунё. Вазифаи ман имрӯз фақат дуо кардан аст, ки ҳар куҷо бошанд, солим бошанд, бообрӯ бошанд…
Сорбон ва кино
Чанд соли охир синамои тоҷик ба осори Сорбон мароқ зоҳир кард ва чанд филм дар асоси асарҳои эшон таҳия гардид. Яке аз он филмҳо “Тангно” аст, ки коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар онро ба навор гирифт. Ин филмро тамошобин хуб қабул кард.
Устод дар мавриди ҳамкориҳояшон бо синамо мегӯянд: “Агар режисёрҳо асари маро таҳриф накунанд, мақсади маро ба тамошобин расонида тавонанд, розӣ мешавам, ки аз рӯйи он филм ба навор гиранд. Вагарна, не”.
Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта дар бораи худи устод филми ҳуҷҷатии “Устод Сорбон” таҳия гардид, ки дар кинотеатри “Зебуниссо” ба намоиш гузошта шуд. Ин филмро Тоҳир Назар ва Одил Нозир ба навор гирифтанд. Онро тамошобин гарм истиқбол кард.
“Лоиқнома-2”-ро менависанд
Устод Сорбон ҳанӯз ҳам саршори илҳому эҷод ҳастанд. Зимни суҳбат пайваста аз нақшаҳои эҷодӣ, китобҳои нашрнашуда ва асарҳои эҷоднашуда ҳарф мезаданд:
— Чанд сол қабл дар бораи Лоиқ “Лоиқнома” навишта будам. Ин китоб як қисмати рӯзгори ману Лоиқро фаро гирифтааст. Чанд соли охир гузаштарӯзҳоямро бо Лоиқ аз нав ба ёд меорам, аз ғалбер мегузаронам ва дар сиёҳнавис тезис карда мемонам. Ният дорам, ки “Лоиқнома-2”-ро нависам. Ин ёддошт аз китоби аввал фарқ мекунад. Дар он дар баробари Лоиқ рӯзу рӯзгори дӯстони ҷамолакӣ — Лоиқ, Абдунабӣ, Сорбон, Доро… инъикос хоҳад шуд.
Анҷом
Суҳбати ман бо устод Сорбон тӯлонӣ ва фаромӯшнашаванда буд, ки як пораи онро манзури шумо кардам.
— Устоди азиз, дар охири суҳбат шуморо аз номи аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба муносибати зодрӯзатон табрик мегӯям.
— Ташаккур ба “Тоҷикистон” ва ба шумо, ки ба аёдати ман омадед.
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ