COVID-19: Баъди ҳамсар фарзанди шоир Саидалӣ Маъмур даргузашт

Фарзон, собиқ директори ширкати «Babilon Mobile» ва писари ягонаи Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт. Дар мавриди фавти марҳум хабари расмӣ нест, аммо яке аз наздикони шоир дар суҳбат ба pressa.tj омили марги ӯро сироят аз COVID-19 арзёбӣ кард.

Чанд рӯз қабл, санаи 26-уми июн ҳамсари шоир Роҳат дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт буд. Сабаби марги марҳумро низ сироятёбӣ аз короновирус гуфта буданд.

Худи Саидалӣ Маъмур ҳам бо гумони сироят ёфтан аз короновирус бистарӣ аст. Табибон вазъи шоирро муътадил арзёбӣ мекунанд.
“Табибон телефонӣ хоҳиш карданд, ки хабари марги фарзандашро ба шоир нагӯем, зеро ҳолаташ бад шуданаш мумкин. Вазъи худи Саидалӣ Маъмур муътадил буда, табобаташ идома дорад»-гуфт яке аз наздикони шоир.

Саидалӣ Маъмур 76 сол дошта, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ аст.

Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.

Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати «Babilon-Mobile» ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ 20 рӯз баъд, яъне санаи 22 июли соли равон 43 сола мешуд. Номбурда оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.

Сомонаи pressa.tj ба Шоири халқии Тоҷикистон устод Саидалӣ Маъмур ҳамдардии амиқ баён карда, ба эшон сабри ҷамил ва саломатӣ хоҳананд. Рӯҳи фарзанди шоир шод ва манзили охираташ обод бод!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Pingback: ХУДОЁ, ЯККАШОХАМРО НИГАҲ ДОР... АҶАЛ ПИСАРИ СЕЮМИ ШОИР САИДАЛӢ МАЪМУРРО ҲАМ БУРД... - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"
  2. Pingback: БОЖЕ, СОХРАНИ МОЕГО ЕДИНСТВЕННОГО… СМЕРТЬ УНЕС И ТРЕТЬЕГО СЫНА ПОЭТА САИДАЛИ МАМУРА… – Новостной портал "Бомдод"

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *