COVID-19 дар Тоҷикистон: 92,2% шаҳрвандон ваксина гирифтаанд

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, то ба ҳолати 27-уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, гуфта мешавад, ки вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар (87,5%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Вояи сеюми ваксинаро бошад, то кунун 1 миллиону 89 ҳазору 922 нафар (19,5%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

— Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман бояд ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *