COVID-19. Гирифторон, шифоёфтагон ва фавт дар кишвар
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯяд, то соати 17:30-и 3 июн дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави ошкор гардидааст.
Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш омори фавт дар кишвар аз ин беморӣ 47 нафарро ташкил мекарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ