COVID-19: Натиҷаи рекордии сирояту фавт дар як шабонарӯз
Ба ҳолати 24 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,3 миллион шуда, тақрибан 480 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва зиёда аз 5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 162 994 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 465 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 354 326 буда, теъдоди фавтидагон 479 816 мебошад.
Ҳамзамон аз лаҳзаи хуруҷи пандемия то имрӯз 5 041 813 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 424 168 нафар), Бразилия (1 151 479), Россия (599 705), Ҳиндустон (456 115), Британияи Кабир (306 210), Испания (293 832), Перу (260 810), Чили (250 767), Италия (238 833) ва Эрон (209 970) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ