COVID-19. Омори беморон, шифоёфтагон ва фавт дар Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 81 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 18:00 дақиқаи 9 июн дар кишвар 4690 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардид.
Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2815 (60%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иттилоъ медиҳад, ки то 9 июни соли равон дар мамлакат 1124 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ