Дўлобкорӣ. Чаро таъмиру бозсозӣ ба охир намерасад?
Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино
Ташаббусҳои бо ободонию созандагӣ сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба гулгулшукуфоӣ ва ба «Шаҳри сабз» мубаддал кардани пойтахти кишвари маҳбубамон -шаҳри Душанбе ҳар як сокину меҳмони онро руҳбаланду шод мегардонад.
Корҳои роҳсозӣ ва таъмири роҳҳо дар кўчаю хиёбонҳо ва гузаргоҳҳои ноҳияи Сино аз ҷониби роҳсозони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи мазкур боиси таҳсину офарин мебошад. Аммо табъи касро то ба охир нарасонидани корҳои роҳсозӣ дар баъзе мавзеъҳои ноҳия хира месозад. Роҳсозон билхоса дар сохтани пиёдароҳҳо ба саҳланкорӣ роҳ медиҳанд. Яъне, баъзе қисматҳои пиёдароҳҳоро бинобар мавҷуд будани монеаҳо — чуқурию баландиҳо, кабелҳо ё қубурҳо, кундаҳо ва бетонтахтаю сангҳои азим носохта монда мераванд. Шояд як сабабаш бисёр будани «фронти» корҳои роҳсозиҳои нав бошад, ки онро бояд фавран ба истифода бидиҳанд. Ана ҳамин қисматҳои фаромўшшудаи пиёдароҳҳо сабаби дар боронгарию зимистон азоб кашидани мардум мегарданд.
Далелҳои ин иддаои мо аксҳои фаромўшхотириҳо дар даврароҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кўчаи Маяковский мебошад.
Роҳсозони муҳтарам! Ҳамин гуна майда-чӯйдаҳо метавонанд сабабгори озори мардум гарданд ва сифати коратонро паст мезананд.
Э. НАЗАРОВ, сокини шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ