Дӯстӣ: Ҳам ҷойи кор, ҳам замин (аудио)
Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ хабар додааст, ки омӯзгорони хоҳишманди кор дар муассисаҳои таълимӣ бо замин барои хона таъмин мешаванд. Ин ташаббус дар пурра бартараф кардани норасоии омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки замин ба омӯзгорон аз фанҳои забони русӣ, англисӣ, химия, физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баъди ба кор омадан дода мешавад.
— Ҳоло чанд омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Дӯстӣ намерасад. Барои бартараф кардани ин мушкилӣ ва ҳам дастгирии омӯзгорони ҷавон роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтанд, ки омӯзгорони ба кор омадаро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин кунанд,- меафзояд манбаъ.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ташаббуси неки Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи Дӯстӣ истиқбол карда, онро намунаи ибрат барои дигар раисон гуфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 дар ноҳияи Дӯстӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 30 омӯзгор ҳуҷҷати замин барои бунёди хона дода шуда буд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ