Дӯстӣ: Барои туркмантаборҳо муассисаи таълимӣ бунёд мешавад
Бо ҳиссаи Ҷумҳурии Туркманистон дар ноҳияи Дӯстӣ муассисаи таълимӣ бунёд мешавад. Иншооти мавриди назар бо харҷи ҳашт миллион доллар сохта мешавад.
Рашид Мередов, муовини раиси девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон дар доираи сафари расмӣ дар якҷоягӣ бо Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз лоиҳаи ангоравии сохтмонии муассисаи таълимии №8 дидан карданд. Иншооти мавриди назар дорои 540 ҷойи нишаст аст. Сохтмони муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон ба нақша гирифта шудааст. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии вилояти Хатлон, феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шаш муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ фаъолият доранд ва кӯдакони туркмантабор метавонанд бо забони туркманӣ таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Рашид Мередов, муовини раиси девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон дар оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ иштирок карданд.
Моҳи феврали соли 2023 сомонаи Pressa.tj аз сохтмони муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ хабар дода буд. Он замон масъулин гуфта буданд, ки муассиса аз се ошёна ибора буда, дар майдони се гектар замин бунёд мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Дӯстӣ 18 ҳазор ҷамъияти туркман зиндагӣ мекунанд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ