Дӯстӣ Фирдавсӣ шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ, номи муассисаи давлатии боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» иваз карда шуд.

Боғи «Дӯстии халқҳо» соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Дар майдони 2,3 гектари боғ, чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии боғ бунёд гардид.

Ёдрас мешавем, ки ахиран бо қарори шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ» табдил хоҳад ёфт.

Тибқи қарори шаҳрдори шаҳр, гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 3,20 гектар ба «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ» номгузорӣ мешавад.

Боғи мазкур дар масоҳати 3,20 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *