“Дӯстони Дӯстум дастгир карда шаванд!” мегӯяд додситон

Додситонии кулли Афғонистон дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар ва ҳамзамон раиси Ҷунбиши миллӣ-исломии Афғонистонро содир кардааст. Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод ба бадрафторӣ ба Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон муттаҳам дониста мешаванд ва ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ вазифадоранд, ки онҳоро боздошт кунанд. Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятӣ ҳоло муваззафанд, ки ин 9 танро дастгир намоянд. Вай афзуд, ки «ахиран ҳайати таҳқиқ тасмим гирифт 9 тан аз афроде, ки дар ин қазия даст доранд, боздошт шаванд». Аммо сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон дар бораи худи Абдурашид Дӯстум гуфт, ки онҳо мунтазиранд то худи муовини аввали президент  ва ё вакили дифоаш барои таҳқиқ ба додситонӣ ҳозир шаванд. Расулӣ мегӯяд, ки агар ин кор сурат нагирад, ҳайати таҳқиқ дар бораи худи Дӯстум низ тасмим хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *