Дағалгуфтор 15 шабонарӯз ҳабс шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ба ҳабс гирифтани Асадулло Қарақулов, сокини шаҳри Душанбе хабар дод. Номбурда қаблан аз ҷониби мақомоти милитсия барои паҳн кардани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳӣ гирифта, вале ислоҳ нашудааст.
Гуфта мешавад, ки Қарақулов Асадулло Алиқулович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳонида шуда бошад ҳам, вале ислоҳ нашуда, такроран ба ин амал даст задааст.
Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Ютуб» саҳифаи шахсии худро таъсис дода, мунтазам наворҳои дорои алфози қабеҳро нашр кардааст, ки ин амали ӯ боиси эрод ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ