Даҳ қоидаи роҳбарӣ. Идомаи саргузашти Амири Дубай (8)

Якчанд моҳ пеш ман дар Twitter дар бораи яке аз ҷанбаҳои буҳронӣ, ки ҷаҳони арабро фаро гирифтааст, паём додам. Гуфтам, ки мушкили мо маъмурӣ аст, на сиёсӣ ва мо ба маъмурон бештар ниёз дорем, ки тавонанд камбудиҳои рушди минтақаро бартараф кунанд, назар ба сиёсатмадорон. Ман паёмеро дар Twitter гирифтам, ки чунин навишта буд: «Аълоҳазрат, агар ба шумо лозим бошад, ки даҳ фармони идораи давлатӣ нависед, ки ба мансабдорони ҷаҳони араб нигаронида шудааст, онҳо чӣ гуна мебуданд?».

Фикр кардам, ки ин саволи олиҷаноб аст, ки маро водор кард биандешам: даҳ қоидаи муҳимтарини идоракунӣ дар ҷаҳони муосири арабӣ кадомҳоянд?

Пеш аз ҳама, ман боварӣ дорам, ки зиндагӣ як роҳи беохири омӯзиш аст. Ҳар қадар ки бештар омӯхта, ҳамон қадар бештар мефаҳмем, ки чӣ қадар кам медонем, одатан аз он чизе, ки тасаввур мекунем, камтар аст.

Пас, агар мо аз омӯзиш даст кашем, мо аз пешрафт дар зиндагӣ даст мекашем. Ман даҳ қоидаи худро барои ҳар касе, ки дар ҳукумати давлатӣ ё маъмурият мақоми расмӣ дорад, дар асоси таҷрибаи хоксоронаи худ ҷамъбаст кардам.

Қоидаи 1

Ба мардум хизмат кунед. Ҳадафи ҳукумат хидмат ба мардум аст, ҳадафи идораи давлатӣ — хидмат ба ҷомеа ва нақши расмиёт, системаҳо ва қонунҳои давлатӣ — хидмат ба одамон аст. Инро фаромӯш накунед. Расмиётро зиёд накунед, қонунҳоро муқаддас нагиред ва фикр накунед, ки низомҳо нисбат ба одамон муҳимтаранд. Онҳо барои хидмат ба мардум, осон кардани зиндагии онҳо ва бароҳаттар кардани он вуҷуд доранд ва метавонанд дар ҳар лаҳза тағйир дода шаванд. Бисёриҳо инро нодида мегиранд ва боварӣ доранд, ки нақши онҳо дар ҳифзи низомҳои мавҷуда, татбиқи дақиқи қонунҳо ва риояи расмиёт аст. Аммо ин эътиқод сабаби асосии бисёре аз мушкилоти маъмурии мост. Агар қонунгузорон, вазирон, маъмурон, онҳое, ки хидматҳои ҷамъиятиро таҳия мекунанд ва мерасонанд ва ҳамчунин онҳое, ки буҷетҳоро тартиб медиҳанд ва лоиҳаҳоро амалӣ мекунанд, ин ҳадафи ниҳоиро аз мадди назар гум намекарданд ва ба принсипи «ба мардум хизмат кунед» пайравӣ мекарданд, афзалиятҳо, нақшаҳо ва қарорҳои онҳо тағйир меёфтанд. Дар ҷаҳони арабии мо як инқилоби маъмурӣ ба амал меомад.

Қоидаи 2

Аз худ бут насозед. Кор, вазифа ва уҳдадориҳо ҳама муваққатӣ мебошанд. Арзиши ҳақиқии шумо дар кори анҷомдодаатон ва дастовардҳои шумо мебошад. Ҳар қадаре ки сахттар кор кунед, ҳамон қадар бештар ноил мешавед, ҳамон қадар мақоми худро баланд мебардоред. Шумо дар ин ҷаҳон ва баъд аз он мукофот хоҳед гирифт. Агар шумо ин мақомро дӯст доред, шумо ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекунед қарорҳое қабул кунед, ки шуморо барои қонеъ кардани орзуҳои шахсии худ бузург мекунанд. Агар шумо ин мақомро дӯст доред, шумо онро дар сархати арзишҳо, принсипҳо ва ҳадафҳои худ мегузоред, ки мехоҳед тавассути хидмат ба мардум ба он ноил шавед. Бигзор мавқеи шумо аз ҳама камтарин ғамхории шумо бошад ва шумо илҳом ва ангезаи ислоҳоти ташкилотеро, ки дар он кор мекунед, ҷомеа ва кишвари худро хоҳед дошт. Дар бораи некӯаҳволии миллати худ дарозмуддат ғамхорӣ кунед, на дар бораи ҷойгоҳи муваққатии худ.

Қоидаи 3

Нақшаи худро тартиб диҳед. Вақте ки шумо нақша надоред, худро ба шикаст омода мекунед. Бисёре аз мансабдорон ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд, ки наметавонанд дуртарро бубинанд ва наметавонанд як ҳафта ё моҳро пешакӣ банақшагирӣ кунанд. Ин яке аз мушкилоти асосии маъмурӣ мебошад, ки мо бо он рӯ ба рӯ мешавем. Нақши роҳбари воқеӣ аз он иборат аст, ки бидонад ба кадом самт ҳаракат кунад ва гурӯҳи худро роҳнамоӣ кунад, онҳоро ҳавасманд кунад, ки сахттар идома диҳанд корро, то ба ҳадафи худ бирасанд. Агар шумо натавонед нақша тартиб диҳед, дар ниҳоят амалҳои шумо бефоида хоҳанд буд. Муҳим нест, ки дар охир чизе ба даст овардаед ё не, агар шумо ҳеҷ мақсаде барои расидан ба чизи муҳим нагузоштаед.

Қоидаи 4

Худро контрол кунед. Самаранокии ташкилоти худро назорат кунед. Як кормандеро таъин кунед, ки аз дохил назорат мекунад ва инчунин як шахси сеюми мустақилро барои арзёбӣ аз берун таъин кунед. Нишондиҳандаҳои равшани самаранокӣ бояд мавҷуд бошанд, то ҳаракат ба самти дуруст барои расидан ба нақша таъмин карда шавад. Худ ва кишвари худро фиреб надиҳед, бо гузоштани нишондиҳандаҳои заиф ва системаҳои назоратии бесамар. Ба даст овардани ягон лоиҳа бе нишондиҳандаҳои воқеӣ ва ростқавлона, ки шуморо бо дастаатон мепайвандад, номумкин аст.

Қоидаи 5

Дастаи худро созед. Шумо наметавонед танҳо парвоз кунед. Як даст наметавонад каф занад. Дастае созед, ки ҳадафҳои шуморо ба уфуқҳои нав мебарад. Ба аъзои даста ваколат диҳед, онҳоро роҳнамоӣ кунед, таълим диҳед ва ба онҳо иҷозат диҳед, ки тавоноии худро амалӣ кунанд. Ба донишмандон кумак кунед ва ба неруи эҷодии ботинии онҳо иҷозат диҳед, ки зоҳир шавад, кормандонро мукофот диҳед ва дастовардҳои онҳоро таъкид кунед. Орому осуда шавед ва аз натиҷа лаззат баред, зеро дастаи аъло шуморо ба ҷойгоҳҳои олӣ мебарад, дар ҳоле ки дастаи заифро лозим мешавад, ки ба пушти худ бор кунед, оқибат он  парешон шавад.

Қоидаи 6

Навоварӣ кунед ё вазифаро тарк намоед. Ҳукуматҳое, ки навоварӣ намекунанд, зуд кӯҳна ва хаста мешаванд, наметавонанд дар рақобат истодагарӣ кунанд. Ғоя (идея)-ҳои нав манбаи илҳом барои навсозии доимӣ мебошанд, ки ба шумо имкон медиҳад рақибонро мағлуб созед, хароҷотро коҳиш диҳед ва худро дубора созед. Иқтисодиёти нав ба навоварӣ асос ёфтааст ва ҷаҳон чеҳраи нав бо дидгоҳи тоза меҷӯяд. Ҷустуҷӯи шуълаҳои беназири дастаатон, муштариён ва ҷомеаро қатъ накунед. Ҳеҷ чиз қавитар аз ғояи олӣ нест.

Қоидаи 7

Маслиҳат кунед ва хушбин бошед. Ҳамеша бо ҷомеа, ҷамъиятҳо ва воситаҳои ахбори омма муошират кунед. Болои имиҷ ва обрӯи худ кор баред ва ба ҷаҳон дар бораи орзуҳо ва малакаҳои худ нақл кунед. Баъзе ҳукуматҳо бар инанд, ки муошират бо воситаҳои ахбори омма масъалаи дуюмдараҷа аст ва ҳатто баъзан онҳоро монеа мешуморанд. Ман ба шумо мегӯям, ки ВАО муҳим ва зарур аст. Ба воситаи ВАО шумо тасвири худро месозед, шаффофияти ҳукумати худро таъмин мекунед ва мардум медонанд, ки ҳукумати шумо ба кадом самт ҳаракат мекунад. Тавассути воситаҳои ахбори омма шумо метавонед дастгирии мардумро ба даст оред, зеро онҳо медонанд, ки шумо онҳоро ба куҷо бурданӣ ҳастед. Онҳо шуморо мебахшанд, агар шумо хато кунед, зеро онҳо ба дидани шумо дар хидмат одат кардаанд. Ҳадафҳои худро дар ВАО эълон кунед ва онҳо шуморо дӯст медоранд ва ин низ ба манфиати шумо хоҳад буд, зеро шумо барои расидан ба ҳадафҳои худ, ки эълон кардед, талош хоҳед кард. Ҳамеша муошират кунед, ҳеҷ гоҳ аз ВАО пинҳон нашавед. ВАО-ро дӯсти худ донед, на душманони худ — онҳо дӯстони ғолиби ростқавл ва душманони фасодзадагон, маккорон ва танбалон мебошанд.

Қоидаи 8

Рақобат кунед. Рақобат хусусияти ҷудонопазири рафтори инсонӣ мебошад. Бо худ ва дигарон рақобат кунед. Ширкатҳо вақте муваффақ мешаванд, ки онҳо дар муҳити озод рақобат мекунанд. Ба ҷойгоҳи аввал дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ кӯшиш кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки муҳити кории шумо рақобатпазир аст. Бо гузаштаатон рақобат кунед, то ояндаи беҳтаре созед. Бо ҳадафҳои худ рақобат кунед, то ба ҳадафҳои ҷолибтар бирасед. Рақобат тарзи ҳаёт дар ҳукумат аст, ки бе он ҳавасмандӣ коҳиш меёбад, шӯру шавқ кам мешавад ва оташи ирода хомӯш мегардад.

Қоидаи 9

Роҳбар (лидер) созед. Вақте ки шумо роҳбар месозед, ояндаро месозед. Роҳбари воқеӣ касест, ки роҳбарони дигарро месозад, ташкилоти воқеӣ — ин он аст, ки шароитро барои таваллуди роҳбарон фароҳам меорад. Таъмини натиҷаҳои беҳтарин барои ташкилот дар қобилияти эҷод кардани роҳбарон аст, ки метавонанд уфуқҳоро васеъ кунанд, беш аз пеш неру оранд ва коргоҳҳоро ба қуллаи баланд бардоранд. Эҷоди роҳбарон — ин як сирре аст, ки танҳо ба онҳое дода мешавад, ки эгои худро бартараф кардаанд ва мефаҳманд, ки бузургтарин дастоварди онҳо эҷоди одамон аст, на биноҳо.

Қоидаи 10

Пеш равед ва зиндагии маънодор дошта бошед. Онҳое, ки дар ҳукумат кор мекунанд, баракат доранд. Кори мо ғайриоддӣ аст ва ин зеботарин ҷанбаи ҳаёти мост. Ин худи ҳаёти мост. Кори мо маъно дорад, он ба мо имкон медиҳад, ки зиндагии миллионҳо одамонро беҳтар кунем. Ҳеҷ гоҳ нақши худро, кори худро ё саъйҳои худро нодида нагиред, зеро шумо ба ташаккули ҳаёт, банақшагирии оянда ва сохтани миллатҳо машғулед.

Худованд ба ман ва ба шумо қувват диҳад, ки ба кишвар ва мардуми он хизмат кунем.

Ин танҳо оғоз аст.

Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум

P.S

Китоби Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум — “Рӯзгори ман”, ки аз зиндагиномаи амири Дубай, принсипи давлатдории ӯ ва чӣ гуна Дубайро бунёд карданаш нақл мекунад, рӯзҳои наздик дар тарҷумаи Шариф Ҳамдампур пешкаши хонандагон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *