Даҳшат: Толибон ҷасадҳоро дар хиёбонҳои Ҳирот овезон карданд

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, ҷасади хунолуди мардеро метавон дид, ки занҷирпеч дар чанги кран дар майдони марказии шаҳри Ҳирот овезон аст. Дар ин навор шумораи зиёди одамон низ дида мешаванд, ки ин манзараро дар телефонҳои мобилии худ сабт мекунанд.
  • Ваҳшоният аз ин зиёд будану шудан наметавонад. Дар замоне, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ  алайҳи чунин ситамкориҳову кушторҳои бераҳмона мубориза мебарад, Толиб дорад дар майдонҳои шаҳрҳо ҷасадҳоро дар чангаки кранҳо овезон мекунад. То дар замири марду тарсу ҳаросро ҷо кунад. То бо ин амали нангинашон бунёди давлати Исломияшонро поягузор бошанд!  Охир Толиб кист, ки ҷони инсонҳоро мегирад? Он амонате, ки Худованд барояш арзонӣ додаст, кадом як  вуҳуштинати бадсигол онро аз курдиливу тангназарӣ меситонад! Чӣ магар Толиб Худост?! 

Амрико бо донистани чунин зишткориҳои Толибон ба онҳо яроқу аслиҳаи бисёре ба мерос гузошту дум хода кард. Кунун ин тоифаи бадсигол  дар худ тавоне пайдо карда он ниятҳои фосиқонаи худро доранд пиёда мекунанд.  Тоҷикистон дорад аз аъмоли зишти ин тоифа садо баланд мекунад, созмонҳои байналилал хомӯшанду интизорӣ доранд. Чиро?

Ва дар ҳамин асно расонаҳои маҳаллӣ дар Афғонистон ба нақл аз шоҳидон гузориш доданд, ки Толибон дар як намоиши даҳшатборе дар шаҳри Ҳирот дар чангаки кранҳо ҷасадҳоро  овезон карданд. Ин намоиш баёнгари он аст, ки Толибон ба усулҳои ҳукумати пешини худ баргаштанд.

BBC аз қавли ду хабарнигори маҳаллӣ навишт, ки ҷасади чаҳор нафарро, ки ба одамрабоӣ муттаҳам мешаванд, дар чанд минтақаи Ҳирот овехтаанд. Рӯзномаи «Ҳашти Субҳ» -и Афғонистон менависад, ки ҷасади чанд марди муттаҳам ба одамрабоӣ дар чанд қисмати шаҳр ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки одамрабоён дар пайи тирандозӣ бо Толибон кушта шудаанд.

Вазир Аҳмад Сиддиқӣ, молики як дорухона дар канори хиёбони марказии Ҳирот ба хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» гуфтааст, ки чаҳор ҷасадро ба майдон оварданд ва се ҷасадро ба майдонҳои дигари шаҳр интиқол доданд. Сиддиқӣ гуфт, ки Толибон дар хиёбон эълон карданд, ки ин чаҳор нафар дар одамрабоӣ даст доштанд, дастгир шуданд ва полис онҳоро кушт.

Муовини волии вилоят Мавлавӣ Шир Аҳмад Амар, ки Толибон таъин кардаанд, гуфт, ки ин афрод дар задухӯрди мустақим бо ҷангиёни Толибон пас аз рабудани як тоҷир ва писари ӯ, ки баъдтар наҷот дода шуданд, кушта шудаанд.

DPA аз қавли ин мансабдор навишт, ки гуфтааст, «ҷасади онҳоро дар хиёбонҳои шаҳр овехтанд, то барои одамрабоён намунаи ибрат шавад. Онҳо ба дор овехта шуданд, то касе ба содир кардани чунин ҷиноят ҷуръат накунад.»

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, ҷасади хунолуди мардро метавон дид, ки занҷирпеч дар чанги кран дар майдони марказии шаҳри Ҳирот овезон аст. Дар ин навор шумораи зиёди одамон низ дида мешаванд, ки ин манзараро дар телефонҳои мобилии худ сабт мекунанд.

Зиёулҳақ Ҷалолӣ, раиси пулиси шаҳри Ҳирот, ки аз сӯи Толибон таъин шудааст, тасдиқ кард, ки аъзои Толибон падару писареро, ки пас аз табодули тир чаҳор одамрабо онҳоро рабуданд, наҷот доданд. Вай гуфт, ки як ҷангии Толибон ва як одамрабои ғайринизомӣ захмӣ шудаанд, аммо «чаҳор нафар аз одамрабоён дар тирандозӣ кушта шудаанд.»

Толибон аз дасту по бурӣ барнамегарданд

Мулло Нуруддини Туробӣ, яке аз асосгузорони Толибон ва иҷрокунандаи асосии тафсири сахтгиронаи шариати Ислом, дар суҳбат бо хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» гуфт, ки гурӯҳ аз ҷазоҳое ба монанди буридани даст ва ҳукми қатл ё эъдом даст намекашад. Ин намояндаи «Толибон» гуфтааст, нигарониҳои кишварҳои хориҷиро аз иҷрои ҳукми қатл намепазиранд ва ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бояд ба умури дохилии ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон дахолат накунад.

«Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мо бигӯяд, ки қонунҳои мо чӣ гуна бояд бошанд. Мо қонунҳои худро бо пайравӣ ба Ислом ва Қуръон таҳия мекунем», — гуфтааст Мулло Нуриддин Туробӣ.

«Нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон«

Ин изҳороти Туробиро Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҷазоҳо «нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон» хоҳанд буд. Мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ азми қавӣ дорем, то омилони ин гуна қонуншиканиро ба ҷавобгарӣ кашем»,- гуфт Прайс рӯзи 24-уми сентябр.

Аз замони ғасби ҳукумат дар Кобул дар 15-уми августи имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалкарди «Толибон» назорат мекунад, ки оё қонунҳои золимонаи худро ба мисли солҳои 90-ум бақарор мекунад ё хайр. Дар давоми ҳукмронии худ дар Афғонистон аз соли 1996 то 2001 Толибон бо ҷазодиҳӣ дар шакли шаллоқзанӣ дар маҳзари ом, сангсор кардан ва дасту пойҳои одамонро буридан маъруф буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *